“Дар ҷанги Тоҷикистон 302 низомии Русия ҳалок шудаанд”
Мақомоти Русия мегӯянд, дар ҷанги шаҳрванди Тоҷикистон, ки солҳои 1992-1997 идома дошт, 33 ҳазору 600 низомии Русия иштирок кардаанд, ки 302 нафарашон ба ҳалокат расидаанд. Ба иттилои манбаъ солҳои ҷанги шаҳрвандӣ 26 ҳазору 600 низомии Вазорати дифоъ ва 7 ҳазор нафар аз Хадамоти федералии амният (ФСБ) дар Тоҷикистон фаъолият кардаанд.
Ин омор 30 сентябр дар пайи иҷозаи парлумони Русия барои истифодаи нерӯҳои низомии ин кишвар дар Сурия оммавӣ шуд.
Сергей Иванов, раҳбари дастгоҳи раисиҷумҳури Русия, генерал полковники мустаъфӣ, ки дар гузашта ба ҳайси вазири мудофиа ва дабири Шӯрои амнияти Русия низ кор кардааст, дар шарҳи ин тасмими Русия гуфтааст, ки дар Сурия сухан сари манофеи миллӣ меравад.
Иванов амалкарди Русияро дар Сурия ба солҳои 90-уми Тоҷикистон ташбеҳ додааст, ки ба гуфтаи ӯ он замон иҷозат дода шуд, ки нерӯҳои низомии Русия дар Тоҷикистон барои мубориза алайҳи террористҳо истифода шаванд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |