Танқиди Хонаи Озодӣ аз Амрико барои хомушӣ дар қазияи баста шудани ҲНИТ

Хонаи Озодӣ бо пахши як изҳорот аз хомӯшии Амрико дар баробари “густариши саркуби мухолифони сиёсӣ дар Тоҷикистон” изҳори нигаронӣ кардааст.
Даниэл Калингаерт, муовини раиси иҷроии Хонаи Озодӣ дар изҳороти мазкур, ки сешанбеи 29 сентябр дар Вашингтон нашр шуд, гуфтааст, Ҳукумати Тоҷикистон аъзои аршади Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро боздошт кард ва раҳбари ин ҳизбро ба хориҷи кишвар ронд. Ба қавли ӯ, “ба феҳрасти созмонҳои террористӣ шомил кардани ҲНИТ акнун 40 ҳазор узвашро таҳдид ба зиндон шудан мекунад”.
Даниэл Калингаерт дар идома аз ИМА интиқод намуда, гуфтааст: “Амрико бо хадамоти амниятии Тоҷикистон равобити наздик дорад ва аз соли 2007 бештар аз 130 миллион доллар барои муқобила бо қочоқи маводи мухаддир ироа кардааст. Бештари одамоне, ки ин пулро дарёфт кардаанд, онҳое ҳастанд, ки акнун ҲНИТ-ро таъқиб мекунанд. Ин ки Амрико то ҳанӯз дар баробари ин саркӯбӣ чизе нагуфтааст, шармовар аст”.
29 сентябр Додгоҳи олии Тоҷикистон ҲНИТ-ро “ҳамчун ташкилоти ифротгароӣ (экстремистӣ) – террористӣ” эътироф намуда, фаъолияти онро дар қаламрави кишвар қатъ кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |