Аз аввали сол то имрӯз дар Тоҷикистон 23 адад нерӯгоҳҳои хурд бо иқтидорҳои аз 15 то 4.300 кВт сохта ба истифода дода шудааст, ки иқтидори умумиашон 6909 кВт-ро ташкил медиҳад.
Аз маркази матбуотии вазорати энергетика ва саноат ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, ки дар маҷмӯъ нерӯгоҳҳои мазкур 1921 хоҷагӣ, 15 бино ва иншоотҳои маъмуриро бо нерӯи барқ таъмин менамоянд. Бино ба маълумоти манбаъ, истеҳсоли нерӯи барқ дар нерӯгоҳҳои хурди обию барқӣ ва дигар намуди манбаҳои барқароршавандаи энергияи барқ, ҳамагӣ 32202,7 ҳазор кВт-ро ташкил медиҳад: « Феълан дар кишвар бо ҷалби сармоягузориҳои ҳукумати Тоҷикистон, Бонки Исломии Рушд, ҳукумати Олмон, ШСХК «Барқи Тоҷик» ва сармоягузорони ватанӣ сохтмони 14 адад НБО-и хурд бо иқтидори умумии 3534 кВт идома дорад».
Манбаъ афзуд, аз соли 1991 то ин замон дар ҷумҳурӣ маҷмӯан 258 адад НБО-и хурд бо иқтидори аз 5 то 4300 кВт сохта ба истифода дода шудааст, ки иқтидори умумиашон 22.857,6 кВт-ро дар бар мегирад, афзуд манбаъ.{jathumbnail off}
Мӯҳр