Эрон: Мубодилаи газ бо оби Тоҷикистон яке аз 3 роҳи ҳал аст
Алӣ Марвӣ, раҳбари Комиссияи энергетикии парлумони Эрон мегӯяд, лоиҳаи қонун дар бораи воридоти об аз хориҷ барои омӯзиш ба ниҳодҳои ҳукуматии ин кишвар ирсол шудааст.
Тибқи иттилои расонаҳои Эрон Али Марвӣ дар ҳошияи намоишгоҳи 11-уми технологияи коркарди об дар Теҳрон изҳор доштааст, феълан мақомоти ин кишвар се роҳи воридоти об аз хориҷ барои ҳалли мушкили камбуди обро баррасӣ доранд: “Аввал-воридоти об аз Тоҷикистон, дуюм-интиқол аз баҳри Каспий ва сеюм-ваоридот аз халиҷи Умон мебошад”.
Ба иттилои Марвӣ феълан мутахассисон ба хулосаи ниҳоӣ наомадаанд, вале худи ӯ аз замоне, ки ноиби вазири нафти Эрон будааст, ҷонибдори мубодилаи газ бо оби Тоҷикистон будааст.
Қаблан раисони ҷумҳури Тоҷикистону Эрон низ ҳавасмандияшонро барои мубодилаи газу об ва бунёди лӯлаҳою инфрасохтори зарурӣ баён карданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |