Нахустин зангҳои шикоятӣ алайҳи Ёров баъди даъвати ВКД аз мардум
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз шикоятҳои нахустин баъди нашри хабар дар бораи боз шудани парванда алайҳи вакили дифоъ -- Бузургмеҳр Ёров иттилоъ додааст.
Рӯзи гузашта ВКД бо иттиҳоми қаллобӣ ва сохтакории аснод нисбат ба Ёров парванда боз кард ва аз шаҳрвандон хост агар шикояте дар робита ба фаъолияти ӯ доранд муроҷиат намоянд. Сомонаи расмии ин ниҳод мегӯяд, дар пайи ин муроҷиат аллакай ду нафар тариқи телефони боварии вазири умури дохилӣ занг зада, алайҳи Ёров шикоят намудаанд. Манбаъ яке аз онҳоро сокини ноҳияи Файзобод муаррифӣ карда, гуфтааст, “муайан гардид, ки Ёров Б.Р. бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт, дар давраи моҳҳои апрел-ноябри соли 2013, ба боварии шаҳрванд Мелиқулова Дилбар Донаевна, сокини ноҳияи Файзобод, кӯчаи Сино, хонаи №13, даромада, изҳор кардааст, ки метавонад баҳси шаҳрвандии дар Суди ноҳияи Файзобод баррасишавандаро ба фоидааш ҳал намояд”.
Ин ниҳод мегӯяд, Бузургмеҳр Ёров аз Дилбар Мелиқулова 2800 доллари амрикоӣ гирифта, дар мурофиаи суди гражданӣ иштирок накарда, маблағҳои ба даст овардаро ба манфиати худ сарф намудааст. Вазорати умури дохилӣ дар сомаонаи худ аз муроҷиати боз як нафари дигар нисбати Ёров хабар дода мегӯяд, “Бузургмеҳр Ёров аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо Тоиров Бадриддин, бо мақсади ба даст овардани маблағи пулии муфт, соли 2009 ба боварии шаҳрванд Ҳоҷиев Беҳруз Султонбекович даромада, аз ҳолати оҷизӣ ва вазъияти шадиди ноилоҷии охирин суистифода бурда, аз ӯ маблағи пулӣ ба миқдори 7000 доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додаанд, ки дар Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аризаи даъвогии Миралиева Мадина Абдуллоевнаро оиди ҷудо кардани молу мулк ба фоидаи Ҳоҷиев Б. ҳал мекунанд”.
Бузургмеҳр Ёров дар пайи боздошти 13 масъули ҲНИТ бо иттиҳоми узвият дар гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим, дар суҳбат бо “Озодагон” аз таъсиси Кумитаи ҷамъиятии дифоъ аз ҳуқуқи боздоштшудагон хабар дод.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |