Бахшҳо

“Сюрприз”-и Ҷӯрабек, Ҷонибек ва Садриддин нашр шуд (ВИДЕО)

Клипи таронаи Ҷӯрабеку Ҷонибек Муродовҳо ва Садриддини Наҷмиддин ба интернет роҳ ёфт.

Ин клип бар матни суруди “Тоҷик-форс-дарӣ” сохта шудааст. Матни он аз Абусаиди Абулхайр ва оҳангаш моли Даврон Раҳматзод мебошад. Ҷонибеку Садриддин наздики як моҳи пеш бо нашри аксҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз сабти таронаи муштарак хабар дода буданд. Зимнан, ин аввалин таронаи якҷояи ин се хонандаи номовари тоҷик аст. Ҷонибек он вақт дар як суҳбати катбӣ ба “Озодагон” гуфт, бовар дорад, ин суруд мақбули мухлисонашон мегардад. “Ҳоло номи сурудро намегӯям, бигзор “сюрприз” бошад”,-гуфта буд ӯ.



Ҷӯрабек аз чеҳраҳои номовари санъати мусиқии мардумии тоҷик аст. Ҷонибеку Садриддин дар раддаи аввали хонандаҳои поп қарор доранд.

Барои Ҷӯрабеку Ҷонибек ин аввалин суруди сегона нест. Соли сипаришуда таронаи “Ало, шодоб соҳилҳо”-и онҳо, ки бо Валиҷон Азизов иҷро шуд, “хит”-и сол эътироф гардид. Чанд сол қабл Ҷонибек ҳамроҳ бо Шабнами Сурайё ва Наҷим (хонандаи афғон) суруди “қарсак”-ро иҷро карданд, ки низ зиёд мухлис дошт.
Мӯҳр
Трио-сегонаи хуб.Ичро,овозхо хамсон ба кавонини санъати ичроист.Холо матну оханг хазми ичрои нашуда ва ниёз ба сайкали ичрои доранд.Охангсоз хам ба перояхои муассири савтию тараннумии суруд таваччух намояд,яъне сирхои нихонии нашиди овози Устодро дар ин суруд бо ифодахоинави руи сахна оварад. .Умед трио ин сурудро ба киёми ичрои хоханд расонид.Мусики ва ичро ба садои махмалин ниёз доранд.ИН трио дорои садои махмалинанд ва суруд танхо ба тахрири матнию ичрои ниёз дорад.Умед Устод Чурабек ин сурудро ба киёми ичрои хоханд расонид.Ба умеди неруи муассири ичроии Устоду ду хонандаи шодонахонамон дорем.

Бехтарин клип бехтарин суруд! Офарин!

Салом хамватанони азиз.
Салом сутуни зархалпечи санъати точик- Устод Чонибек Муродов.
Якчанд суханро барои Чонибек Муродов сазовор Медонам.
Шумо инсони самими, инсони зиндадилед. Шунидани суруду суханхои пандомези Шумо одамонро ба мурод мерасонад. Таргибгари одамият ва одобу мардонагиед.

Албатта Шумо бародари азиз касби падарро довом додаистодаед ин беҳтарин ва суруду оҳангҳое эчод мекунед ки хоси чомеаи Ҷахонист ва хам миллии тоҷикист. Дар оҳангҳои мехондаатон маҳал вуҷуд надорад сирф яъне тоза точикист. Ман ба Шумо бародар миннатдориро аз номи халки точику форсизабонхо баён мекунам ки фарханги точикро дар шароити тезу тунди чахонишави хифз мекунед.
Ва ман коил ҳастам ки бачаи шаҳр бошед ҳам сурудою оҳангҳои классики мехонед ин шаҳодати тарбияи волои падари бузургворатон аст. Чонибек Муродов Шумо хатто дар заминаи сурудхои классикии Устоди устодхо Чурабек Муродов эстрадаи навро дар санъати точик офаридед масалан сурудои Нигинам ва Ало шодоб сохилхо..
Точикистон бо шумо мефахрад !!!!!!!!!
Халки точик ба Шумо унвони кахрамони миллат доданро сазовор медонад!!!!!!!!!!!!!!!!
Дунё баумед факат шайтон ноумед аз даргохи Худованд...
Ниятхо созандаи кисмат хастанд ...
Давлат он унвонхоро барои Шумо эчодкорон пешниход мекунад...
Навбати Шумоям меояд Гамша нахуред Дарачаи аввалаша мегиред ИншоАллох.Омин!
Хамаи мехнатои Шуморо дар чашми давлат намоён аст!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!
Ба Шумо умри дарози пурбаракат, шодкомихо талабгорам. Бо хазорон дуохои нек Орёмехр.Ин сухано ба Шумоён сазовор хастед. барои он ки мехнат мекунед.

99
БоракАллоҳ! Хеле олӣ!
Ташаккур ба шумо, ки ин сурудаатон на фақат фарҳанги волои моро таҷассум мекунад, балки мо форсизабононро ба ҳам меорад!
Духтарҳои хеле зеборо интихоб кардед. Душанбе ҳам шаҳри зебост.
Акои Ҷурабек, садсола шавед. Овози ширину ҷаззобатон ҳеҷ гоҳ хаста нашавад. Мо шуморо бисёр дӯст мадорем. Саломат бошед. Ҷонибеку Садриддин, мо бо шумоён дар хориҷи кишвар низ ифтихор дорем.

Anvar
Шорух
Триои хело макбул.. устод Чурабек Муродов Капзони точик аст.. карсак мезанам ба он хунарманде ки дар кадом холате набошад ба худ ба санъати худ , ба тамошогар ва е мухлиси худ ахамият медихад. Садриддин, Чонибек сол то сол хунари худро такмил медиханд..ин хуб аст ..ташаккур ба шумоен..агар дар телевизион пахш гардад боз хубтар мешуд..

Камбагал
ЗАБ КОРЕ КАРДАН

Damir
Мардон
Суруд оли аст, устод ва хунармандон!

Озодагон шумо аз хад берун гузаррнден! Чиба сухонони мо чоп мекардагиро хат мезанед? Ё Чонибек муродов аз шумо илтчо мекунад ки факат суханхои тарифиро нисбати у чой дихед? Номарди нашава!

Юсуф
асли талош ва идея БИСЁР ОЛӢ! аммо матн ду мушкили КАЛОН дорад
1) ирониро ФОРС гуфта дигаронро тоҷику дарӣ мантиқ надорад чун ҳама дар якҷоягӣ ФОРС мешавем(шояд агар иронӣ мегуфтанд қофия ҷур намешуд аммо ин далел пазируфтанӣ нест)
2) матн сатҳаш сабук аст ва дар интихоби либосҳо ҳам хато кардед

ин як шеър як муноҷот аст бо Кирдгори ягона
аммо чи иртибот бо Ҷонибеку Ҷурабеку Садриддин ва духтарону писарон дорад МО НАФАҲМИДЕМ
аз ин матн ҷумалаи " тоҷик, форс ва ё аҳли дарием" ҳазф кунем тмоман мавзу дигар асту ин ҷо ба зур ба мавзуи дигар часпонданд ки аслан начаспидааст

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)