Бахшҳо

Дар Қирғизистон ҳам корманди "ГАИ"-ро рӯи “капот” мебаранд

Дар Қирғизистон як ронанда нозири роҳро рӯи “капот”-и “Мерседес” тақрибан 300 метр бурда, талош кардааст, ӯро ба замин бияфтонад.

Дафтари матбуоти ВКД-и Қирғизистон мегӯяд, ин ҳодиса дар Ҷалолобод ба вуқӯъ пайваста, нозир ҷароҳат бардоштааст. Ба иттилои манбаъ, 28 сентябр соати 13:40 ин нозири роҳ мошини “Мерседес Бенс”-ро ки шишаҳояш сиёҳ буданд, нигоҳ медорад: “Корманди пулис аз ронанда хостааст, ки иҷозатномаи сиёҳ кардани шишаи мошинро пешниҳод кунад, аммо ронанда ба ӯ итоат накарда, дарҳои мошинро бастааст. Баъдан муҳаррикро ба кор дароварда, қасди фирор кардааст. Вай бо суръат тарафи нозири роҳ ҳаракат кардааст. Нозир худро болои “капот” партофтааст”.

Манбаъ мегӯяд, ронанда нозирро болои “капот” беш аз 265 метр бурдааст: “Ронанда чандин маротиба бо зер кардани тормоз ва тағйир додани самти ҳаракати мошин хостааст, нозирро бияфтонад. Вақте мошин бо суръати баланд тоб мехӯрад, нозир ба замин меафдад”.

Ба иттилои ВКД, нозири роҳ ҷароҳат бардошта, ҳоло дар беморхона бистарӣ аст. Аз аввали имсол дар Тоҷикистон дасти кам се ҳолати болои “капот” бурдани нозирони роҳ расонаӣ шуд. Моҳи апрел Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ронанда Салимов 3.М-ро барои он ки ба фармони Аъзам Раҷабов, нозири Воҳиди махсус итоат накарда, ӯро болои “капот” бардошта, маҷруҳ намудааст, ба 2,5 соли зиндон маҳкум кард.

Навори чунин як ҳолат ба интернет низ роҳ ёфта буд.


Мӯҳр
точик
ин сурати точикистон ку

И киргизистон нестай Точикистонай дуруг чоп накунен

Рахмдил
Мухаммалаюб,
Номи видеоро нагзтар хон

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)