Имзои се лоиҳаи грантӣ ва ваъдаи Ҷопон барои кӯмак ба осебдидаҳои офатҳои табиӣ

Ҳукумати Ҷопон дар чаҳорчӯби Барномаи кӯмакҳои бебозгашт ва амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ (GGP) се лоиҳаро дар дар шарқи Тоҷикистон маблағгузорӣ мекунад.
Тавре аз Сафорати Ҷопон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, расми имзои лоиҳаҳо душанбеи 28 сентябр дар Сафорати Ҷопон дар Душанбе баргузор шуд: “Созишномаҳои мазкур аз ҷониби Такашӣ Камада, Сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони мақомоти пазирандаи грантҳо ба имзо расиданд”.
Манбаъ мегӯяд, зери “Лоиҳаи дастрас намудани техникаҳои кишоварзӣ ва роҳсозӣ ба ноҳияи Ванҷ” ба маблағи 90,095 доллар сафири Ҷопон ва Давлатбибӣ Раҷабова, раиси ноҳияи Ванҷи ВМКБ имзо гузоштанд: “Лоиҳаи беҳтар гардонидани канали обёрӣ дар қишлоқҳои Хоса ва Миденшор-и ҷамоати деҳоти Поршинев-и ноҳияи Шуғнон” бо бо маблағи 90,110 доллар ва “Лоиҳаи беҳтаргардонии роҳҳои автомобилгарди қишлоқҳои Хичих ва Синдев-и ноҳияи Роштқалъа” бо маблағи умумии 90,203 доллар тасвиб гардид”.
Такашӣ Камада аснои суханронӣ дар маросими имзои лоиҳаҳо гуфтааст, умедвор аст, лоиҳаҳои “GGP” сатҳи зиндагии мардуми Тоҷикистонро дар деҳотҳои ВМКБ беҳтар мегарадонанд: “Ҳамчунин, сафир Такаши Камада таъкид намуд, ки дар оянда Ҳукумати Ҷопон ба аҳолии ноҳияи Шуғнон, ки тобистони соли 2015 дар натиҷаи обшавии босуръати барф ва пиряхҳо азият кашида буд, кӯмаки амалии худро хоҳад расонд”.
Манбаъ мегӯяд, аз соли 1996 то инҷониб, кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ 346 лоиҳаро ба маблағи умумии $28 миллион доллари ИМА дар Тоҷикистон амалӣ намудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |