Талаби 57 соли зиндон барои “қотилон”-и сарбоз Раҳматов
Айбдоркунандаи давлатӣ имрӯз, 29 сентябр дар мурофиаи додгоҳӣ барои муттаҳамон дар қатли сарбози қаторӣ - Фирдавс Раҳматов дар маҷмӯъ 57 соли зиндон талаб кардааст. Дар ин бора ба “Озодагон” Дилафрӯз Самадова, яке аз вакилони хонаводаи Фирдавс Раҳматов хабар дода афзуд, айбдоркунанда аз додгоҳи ҳарбии гарнизони Суғд хостааст, муттаҳамон - сержант Раббонӣ Сулаймоновро ба 20 сол, сержант Комрон Раҳимов - 19 сол ва сарбози қаторӣ -- Айём Назаровро ба 18 соли зиндон маҳкум кунад.
Ба иттилои манбаъ, дар назар аст, рӯзи якуми октябр баъди шунидани сухани ниҳоии айбдоршавандаҳо додрас ба хонаи машваратӣ равад.
Қаблан иттилоъ дода шуд, ки нисбати дуи аввал бар асоси моддаи 391, қисми 3 (баромадан аз ҳадди ваколатҳои хидматӣ) ва сарбози қаторӣ тибқи моддаи 273, қисми 2 (вайрон намудани талаботи оинномаи умумиҳарбӣ)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз шудааст.
Ба қавли наздикон Фирдавс Раҳматов, сокинони 22-солаи маҳаллаи 18-уми шаҳри Хуҷанд ва донишҷӯи курси чаҳоруми бахши ғоибонаи Донишгоҳи давлатии ин шаҳр рӯзи 7 майи соли равон тавассути даъвати маҷбурӣ ё “облава” ба сафи сарбозони қисми ҳарбии 04080 шаҳри Конибодом ҷалб шуда, масъулини қисми низомӣ шоми 7 ба 8 июни соли равон тахминан соатҳои 24:00 ҷасади ӯро ба манзилаш овардаанд. Сабаби маргашро онҳо “гармозадагӣ, фурӯ рафтани забон ва банд шудани роҳи нафас” гуфтаанд. Аммо Дилором Раҳматова, модари Фирдавс рӯзи 10 июн дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, дар ҷасади писараш нишонаҳои латту кӯб ба таври равшан намоён буд ва онҳо ҳаргиз ба хулосаи тиббии пешниҳодкардаи масъулини қисми ҳарбии 04080 бовар нахоҳанд кард. Хонум Раҳматова афзуд, масъулини ин қисми ҳарбӣ дар ҳоле фарзияи марги фарзанди онҳоро чунин арзёбӣ мекунанд, ки Додситонии низомии шаҳри Чкалови Суғд тасдиқ кард, Фирдавс бар асари латту кӯби шадид ҷон додааст: “Прокурор ба мо гуфт, ки он шаб Фирдавсро ба назди ҳоҷатхона бурда, латту кӯб мекунанд ва дар пайи зарбаи охир, ки ба гулӯяш рост омадааст, роҳи нафас банд шуда, боиси марги сарбоз дар размоишгоҳ мешавад”.
Дар пасманзари ин ҳама масъулини Додситони низомии вилояти Суғд бо баргузории як нишасти хабарии вижа гуфтанд, “тибқи натиҷаҳои санҷиш роҳи нафаси Раҳматов дар натиҷаи латту кӯб гирифта шуда, давоми 10 дақиқа дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад”.
Абдулқодир Нуров, додситони низомии Суғд, гуфт, “соатҳои тахминан 15:00 дар машқгоҳи "Нурафшон" аскарони навдаъватро баъди хӯроки нисфирӯзӣ барои қазои ҳоҷат бурда, Раббонӣ Сулаймонову Комрон Раҳимов, ду сержант ва Айём Назаров, сарбози қисми ҳарбии 04080-и шаҳри Конибодом Раҳматовро зери зарбу лат қарор медиҳанд, дар ноҳияи гардан ва қафаси синааш зарбаҳои сахт мерасонанд”.
Рӯзи 22 июн масъулини Вазорати дифои Тоҷикистон аз барканории се мақоми баландпояи қисми ҳарбии 04080-и худ дар шаҳри Конибодом, ки баъд аз як моҳи сарбозӣ дар он ҷасади Фирдавс Раҳматов ба хона оварда шуд, хабар дода буданд. Он замон аз дафтари матбуоти Вазорати дифои кишвар ба “Озодагон” хабар доданд, ки фармондеҳони полк, баталион ва ротаи қисми ҳарбии 04080 ба хотири бетаваҷҷуҳӣ аз мақомҳои худ барканор шудаанд. Аммо манбаъ, аз бурдани ному насаби онҳо худдорӣ кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |