Бародарзодаи Ҳоҷӣ Ҳалим: Се писари ӯ озод шудаанд

Се писари Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири мудофиаи Тоҷикистон ва маъруф ба Ҳоҷӣ Ҳалим аз боздошт раҳо шудаанд. Радиои “Озодӣ” аз қавли Фарҳод Назаров, бародарзодаи Ҳоҷӣ Ҳалим гуфтааст, Иброҳим, Бахтиёр ва Муҳаммад бо шарти берун нашудан аз маҳалли зист раҳо шудаанд.
Ба қавли Фарҳод, ҳоло касе ба онҳо кор надорад, вале барояшон гуфтаанд, то анҷоми баррасии парвандаҳои марбут ба афроди Ҳоҷӣ Ҳалим дар маҳалли зисташон қарор дошта бошанд.
Дар ҷараёни амалиёт алайҳи Ҳоҷӣ Ҳалим хабарҳое паҳн шуд, ки Иброҳим Назаров, писари 23-солаи Абдуҳалим Назарзода, донишҷӯи соли сеюми факултаи муносибатҳои байналмиллалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кушта шудааст, вале Фарҳод Назаров гуфтааст, ин хабар воқеият надорад, зеро дирӯз бо писарамакаш сӯҳбат карда буд.
Ба қавли оқои Назаров, падари ӯ - Мирзокарим, бародари бузурги Абдуҳалим Назарзода ва ду тан аз амаки дигараш бо номи Абдураҳим ва Мирзоҳаёт ҳангоми музокирот миёни неруҳои ҳукумати ва гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим кушта шуданд. Ӯ мегӯяд, падару ду амаки кушташудааш барои моил кардани гурӯҳи Ҳоҷӣ Ҳалим ба Ромит бурда шуда буданд: “Падарам ва се амакамро ба хок супоридем. Насибу тақдир ҳамин будааст. Падари ман ба он гурӯҳ ҳеҷ алоқамандӣ надошт. Намояндагони мақомот ҳам инро гуфтанд, ки падари ту ҳеҷ гуноҳ надошт, вале ҳангоми музокирот аз самти муқобил тирборон шуд ва онҳо кушта шуданд. Ҳар нафареро, ки аз мо барои пурсиш бурда буданд ва гуноҳ надоштанд, озод карданд. Мо касеро дар марги онҳо гунаҳкор карданӣ нестем ва ҳар чӣ шуд, аз тақдир ва кори Худованд медонем”.
Амалиёти вижаи мақомот алайҳи Абдуҳалим Назарзода рӯзи 4 сентябр шурӯъ гардид. Субҳи он рӯз ба Шӯъбаи умури дохилии шаҳри Ваҳдат ва дастгоҳи марказии Вазорати дифоъ ҳамлаи мусаллаҳона сурат гирифт ва баъди чанд соат эълон шуд, ки он кори дасти гуруҳи Назарзода аст. Мақомот гуфтанд, ки Ҳоҷӣ Ҳалим ва пайравонаш ба дараи Ромит фирор кардаанд. Амалиёт то 16 сентябр идома кард ва ВКД бо нашри як гузориши видеоӣ аз кушта шудани аъзои гуруҳи ӯ хабар дод.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |