Василев: Кумаки ИМА ба Тоҷикистон дар ҳифзи марзи давлатӣ бояд шаффоф бошад
Кумаки ИМА ба Тоҷикистон дар ҳифзи марзи давлатӣ бояд шаффоф бошад, на мисле, ки дар Қирғизистон аз пойгоҳи низомии “Манас” истифода шуд. Ин нуктаро Виктор Василев, намояндаи доимии Русия дар СПАД иброз доштааст.
Ӯ дар мусоҳибае бо “Коммерсант” дар шарҳи суол дар мавриди ин ки ИМА ба Душанбе кумаки худро пешниҳод кардааст, гуфта, Амрико бахши аъзами маблағи кумакҳояшро ба шаҳрвандони худ, ки дар кишварҳои хориҷ ба ҳайси мушовир, инстуктор ва дигар корҳои машваратӣ кор мекунанд, масраф мекунад.
“Баъзан дар маҳалли ироаи кумакҳо зерсохторҳо бунёд мешаванд. Дар аввал инҳо пойгоҳҳои колорасонанд, ки баъдан бо роҳҳои норушан тақрибан ба пойгоҳҳои низомӣ бадал мешаванд. Кишварҳои мизбон ба ин пойгоҳҳо ҳатто дастрасӣ надоранд. Ин мисолро мо дар Қирғизистон доштем, ҷое ки онҳо аз пойгоҳи низомии “Манас” истифода мекарданд. Ҳоло бо қарори ҳукумати Қирғизистон он баста шудааст. Бешубҳа, ин гуна кумак аз ҷониби ИМА барои мо лозим нест”,-гуфтааст Василев.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |