Зимни як амалиёти вижа кормандони раёсати агентии назорати маводи нашъаовар дар вилояти Суғд қочоқчии қирғизро, ки мехост аз қаламрави Тоҷикистон миқдори бағоят калони маводи мухаддирро ба Қирғизистон интиқол диҳад, дастгир намуданд.
Тавре ба хабаргузории “Озодагон” аз агентии мазкур иттилоъ доданд, дар ҷараёни баргузории амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳамкорӣ бо кормандони раёсати Кумитаи амнияти миллӣ дар вилояти Суғд дар қаламрави наздимарзӣ бо Қирғизистон дар ноҳияи Исфара бо гумони ширкат дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир шаҳрванди 45-солаи Қирғизистон боздошт гардид. Аснои кофтуков аз ӯ як халтаи полиэтиленӣ пайдо шуд, ки дар дохили он 20 бастаи пур аз маводи мухаддир ҷо ба ҷо карда шуда буд. Лабораторияи ташхиси судии раёсати агентӣ дар вилояти Суғд тайид кард, ки маводи мусодирашуда ҳероин буда, вазни умумии он бештар аз 20 килоро ташкил медиҳад.
Гуфтанист, арзиши тахминии ҳероини мусодирашуда тибқи нархи маъмулии “бозори сиёҳ” наздик ба 120 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад ва дар сурати ба таври чакана тиҷорат шуданаш ин қиммат се баробар меафзуд. Ҳоло мутобиқи моддаи 200, қонуни 4 (нигаҳдории ғайриқонунӣ ва қасди интиқоли воситаҳои нашъаовар ба миқдори ниҳоят калон) кодеси ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.
Тайи 9 моҳи соли 2011 дар қаламрави Тоҷикистон аз муомилоти ғайриқонунӣ 3 тоннаву 529 кило воситаҳои нашъаовар мусодира гардид, ки 437 килову 422 грамми онро ҳероин ташкил медиҳад,-афзуд манбаъ.{jathumbnail off}
Мӯҳр