Бархе соҳибназарон бар инанд, ҳаводиси ахир сабаби эҳтиёткортар шудани расонаҳои мустақил ва бештар шудани худсенсорӣ дар фаъолияти онҳо шудааст. Суоли “Озодагон” ҳам ҳамин буд: ЭҲТИЁТКОРТАР ШУДАНИ РАСОНАҲОИ МУСТАҚИЛРО ДАР РӮЗҲОИ АХИР МУШОҲИДА КАРДЕД?[/size]
Нуриддин ҚАРШИБОЕВ, раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон
Бале. Ин омилҳои зиёд дорад. Масалан, таъқиботи судӣ ва эътимод надоштан ба адолати судӣ, авзои сиёсии ҷомеа ва адами риояи хуқуқ ба кор ва кафолати иҷтимоӣ, набудани сиёсати идорӣ дар расонаҳо ва ғайра метавонад боиси эҳтиёткорӣ ва худсенсорӣ миёни ҷомеаи рӯзноманигорӣ гардад.
Абдумалик ҚОДИРОВ, коршинос
Чанд муддат аст, он чи дар расонаҳои интернетӣ ва иҷтимоӣ нашр мешавад, хеле ва хеле эҳтиёткоронаанд. Инро фаҳмидан ҳам мумкин, чун имрӯз на танҳо расонаҳо, балки коршиносон ҳам дар баҳогузорӣ душворӣ мекашанд, зеро хеле чизҳое ҳаст, ки ноаён аст. Табиист, расонаҳои мустақил нисбати маълумоте, ки мақомоти давлатӣ мегӯянд низ хело эҳтиёткорона муносибат мекунанд. Зеро дар чунин як лаҳзаи ҳассос хеле имкони зиёд ҳаст, ки бо пахши як хабаре, ки тасдиқ нашудааст ё намешавад, расонаҳо метавонанд гирифтори мушкилот шаванд.
Айём НАБИЕВ, хонанда
Эҳтиёткор шудани расонаҳо на инки дар рӯзҳои ахир, балки дар як ду соли ахир ба чашм мерасад. Онҳо шояд бо сабаби дар майдони журналистика монданашон ин корро мекунанд. Зеро дар шароити кунунӣ ҳар факту далели носанҷида метавонад боиси баста шудани расона гардад ва аз ҳамин хотир журналистон низ кушиш мекунанд, ба худсенсорӣ гузаранд. Фикр мекунам, фаъолияти расонаҳо дар ҳоли ҳозир муътадил аст.