Бахшҳо

Суҳбати Ёров: Аз пешниҳоди вазифаи вазирӣ ва латту кӯби Ҳусайнӣ то мулоқот бо Сайфуллозодаю дигарон

Саидумар Ҳусайнӣ, ноиби аввали боздоштшудаи раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар пайи он ки пешниҳоди мақомот дар мавриди ба ивази вазифаи давлатӣ хориҷ шудан аз ҲНИТ-ро рад кардааст, мавриди латукӯб қарор гирифтааст. Дар ин бора ба “Озодагон” Бузургмеҳр Ёров, вакили дифои аъзои боздоштшудаи ҲНИТ хабар дода, афзуд, рӯзи шанбеи 26 сентябр бо Ҳусайнӣ дар боздоштгоҳи Кумитаи амният мулоқот дошт.

Оқои Ёров мегӯяд, Ҳусайнӣ дар ин мулоқот, ки бо ҳузури намояндагони мақомот баргузор шуд, изҳор дошт, ӯро на аз дохили ҳавопаймо, балки аз фурудгоҳ барои “як суҳбат” даъват намуда, ба раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил бурдаанд. Бузургмеҳр Ёров аз қавли Ҳусайнӣ афзуд, “маро дар бинои ин раёсат 3-4 соат манъ карданд, муносибат аввал хуб буд. Чанд кас омад, изҳор доштанд, ки мо хешу таборем, зора карданд, ки биё аз ҳизб даст каш, тариқи телевизион муроҷиат кун, ки ман аз ҳизб баромадам ва фаъолияти ҲНИТ нодуруст аст”.

Вакили дифоъ аз қавли зерҳимояаш таъкид намуд, ба ивази даст кашидан аз ҲНИТ ба ӯ вазифаҳои гуногун - аз раҳбарии ноҳия то сатҳи вазириро пешниҳод кардаанд: “Аммо зерҳимояам ин пешниҳодро рад карда, изҳор доштааст, ки ҲНИТ ҳизби конститутсионӣ аст ва дар асоси қонун фаъолият дорад. Гуфт баъде ки ҷавоби рад гирифтаанд, ба сараш халта андохта, ӯро латукӯб кардаанд ва боздоштгоҳи Кумитаи амният бурдаанд”.

Ба гуфтаи вакили дифоъ, Ҳусайнӣ айби эълоннамудаи мақомот - ташкили иттиҳоди ҷиноиро қатъиян рад мекунад. Ӯ афзуд, бо бархе аъзои дигари боздоштшудаи ҲНИТ - аз ҷумла Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода, Розиқов Зубайдуллоҳ, Қосидинов Воҳидхон низ мулоқот кардааст: “Аксарашон дар ташкили иттиҳоди ҷиноӣ муттаҳам мешаванд ва қатъиян ин иттиҳомотро рад мекунанд”.

Ёров илова намуд, ки аъзои дигари боздоштшудаи ҲНИТ аз латту кӯб шикоят накарданд ва изҳор доштанд, муносибати маъмурин бо онҳо хуб аст. Вай таъкид кард, аз амали ғайриқонунии кормандони мақомот, аз ҷумла алайҳи Ҳусайнӣ, шикоят хоҳанд кард.

Ин дар ҳолест, ки Ёров ахиран дар суҳбат бо “Озодагон” аз ташкили Кумитаи ҷамъиятӣ барои дифоъ аз ҳуқуқи аъзои боздоштшудаи ҲНИТ хабар дод, ки ба гуфти ӯ ҳадафи кумита ошкору ҷилавгирии қонуншиканӣ алайҳи боздоштшудаҳо мебошад.
Мӯҳр
Ман намедонам инхел зур кати политиканои мо то кучо мераванд... ман як чиз ба инхо мегуям ки одами гурусна ба шер чанг кардааст!!! Ин хел бародару ёру рафики моро зери азобу машакат рах надихед, ки аз солхои 91 бадтар мешавем!!!

Хазор рахмат ба Бузургмехр ёров ба Худо бисёр кори дуруст мекунии дарди дили мардумро даво мекуни ман хамчун шахрванди гайри хизб ин икдоми пеш гирифтаи шумоёнро даст гири ва аз Худованд дуо мекунам Иллохо хаминхел милатдустон соябони мардум бошанду ватанамон тинчи осуда бошад.

Худоё бегунохии ХНИТ ро исбот кун омин.

Э худочон ту бузург хаст, ту адолатхох хаст адолатро нишон дихад. Ки медонад,ки душмани Халки Точикистон кист ба ту малум аст душманонро реша кан кун ! Халки точикистон аз ин фитнахои бар дуруг монда шуд. Ягон умеди онхо ба ту ягонаву танхо . Ба Халки Точикистон сабр карданро рахнамои кун !

точикистони нав.
Боз хукумат чор мезанад, ки максади нахзатихо мансаб аст! Агар максадашон мансаб мешуд хусайни пешниходро кабул мекард!

салмон
Дар вакташ айнан чунин пешниходи корро ба нури карда буданд макомоти амнияти шурави ба кавли худи нури ки дар еддоштхояш навистааст вале у рад карда будааст, лекин баъд аз хунрези хои зиеду чанги шахрванди ва баркарории сулх молу мулки бисер ва вазифахои гуногунро ба даст оварда сармояи зиед чамъ намуданду хатто баъзехояшон то имруз сохиби заводу фабрикаву замин хои зиеданд!!! Бояд аз пиронат панд гирифта Кабул мекардед

Ношукр
Маладес Бародар Хусайни исбот карди ки ХНИТ мансаб хох нест Агар хам кабул мекарди боз мисли ЗАЙД зиндонит мекардант 2×15=30 баз бародар Хусайни аз шумо ташакур мекунам мефахма барои шумо сахт аст аммо шумо марди майдон хастет зиндабод Бародрони нахзати ва ХНИТИ-ти мардум солор

Карим
Аллохи бузург бародаронро аз чанголи золимин озод бигардон омин

Актер у которого нет Оскара!
ХНИТ ? Ами ХНИТи шумо ба мардум чи кори хуб кад?

** ** ** * *** *** ****** ** * *******
** ** ** * *** *** ****** ** * *******
******** ******* *** *** *** ******* ***
******** ******** *** *** *** ******** ***
** ** ** * *** *** ******* ** * ***
** ** ** * *** *** ******* ** * ***

(((ШУМО ДАР КАЛБИ МОЕД)))

ps: ОЗОДАГОН ОЗОД БОШЕД!

вaтaндуст
хaмешa.бо.дуо.хaстем.дaр.хaкaтон.ду.гуем.фaолои.
хнит.худо.шуморо.вa.aхлу.бaйти.ш
уморо.нигaх.бидорaд.вa.худо.инфитнaхороaзсaри

Саидбилол
Мухочир,
Омин Омин Омин ! Ягона роху Умед ба даргохи Хак мондааст то худ даст ба кор шава барои Адолати вокеи ро дар Ватани азизамон по барчо кунад.

Z
И Хусайнира дар мол чарони рах наметан ки ира вазифа мета биоен ами гапои хому пучро бас кунен хийонаткори кард чавобашро гуяд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)