Бахшҳо
26 сен 2015 13:24Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

“Қисме аз силоҳи гирифтаи Назарзода ҳанӯз ёфт нашудааст”

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, қисме аз силоҳи гирифтаи собиқ муовини вазири мудофиа Абдуҳалим Назарзода ҳанӯз ёфт нашудааст.

Тибқи иттилои додситонии кулли кишвар Ҳоҷӣ Ҳалим бо гуруҳаш озодона аз бинои маъмурии Дастгоҳи марказӣ ва қисмҳои ҳарбии 08050 ва 17651-и Вазорати мудофиа 645 мил силоҳи оташфишони гуногунтамға гирифта бурдааст: “Аммо дар натиҷаи амалиёт алайҳи гуруҳи Назарзода аз нафароне, ки бо ӯ будаанд, 34 адад силоҳ ва аз рӯи нишондоди боздоштшудаҳо 589 мил, дар маҷмуъ 623 мил силоҳи гуногун дарёфт гардид”.

Тибқи иттилои мақомот танҳо аз силоҳе, ки Назарзода аз қисмҳои Вазорати мудофиа гирифтааст, то ҳол 22 ададаш ёфт нашудааст. Инчунин мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, “ин гуруҳ бо худ 64 ҳазору 445 дона тир гирифта буд, аммо дар натиҷаи амалиёт ҳамагӣ 48 ҳазору 943 дона тирҳои қутрашон ҳархела дарёфт ва мусодира гардиданд”.

Тибқи иттилои манбаъ фарқ байни теъдоди тирҳое, ки гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим бо худ бурд ва теъдоде, ки дарёфт шуд, 15,5 ҳазор донаро ташкил медиҳад.

Инчунин мақомоти додситонӣ мегӯянд, тибқи иттилои дарёфтӣ ба гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим афроде низ ворид будаанд, ки масъулияти роҳбарии гуруҳҳои хурдро доштаанд ва феълан чорабинӣ барои маълум кардани шахсияти онҳо идома дорад.
Мӯҳр
Бесавод
ин кори ачиб будаст ку. ин макомот аник медонанд ки вай чанд тир бурдаасту чандтояш пайдо шудаст. аник инро хам медонанд ки чанд тираш паронда шудааст.
неки точна ярокой дигаша ай хонай аъзой нахзати ислом миёван. не аниктаруш мондагиёша уже бурда да хонай ягон нахзати бачо кардиян аку вактуш расид рафта меёвануш. икора кудакам метона бфахма.
ма ку савод надорум неки хамира хамика фикр мекнм гайри правакатсияи амният дига хичида тугри намегира.

бокимонда милотона барен хонахои нахзатихо партоену делашон кунен мешава е дар тв нишоншон бтен.

Вазият ки тинч шид забонак пайдо каден. Ай 4 то 16 тарафдори хукумат буден ируз тарафи у хоин.
Фитна навндозен охи. Корои хтона бинен. Чи кор дорен ба политикаву дигаву дигаш

хатлони
Ана тамом нахзатихо хишер шен бокимрндаи силоха ай хонахои шумо миеван и аникай е тоба дар спектаклхои макомот инсон хайрон меша

Саша
БА БЕСАВОД
БЕСАВОДИ РАФТА ХОНЕД АГАР НАТОНЕД ХОНДА ХАМУ ВАЙЯТОНА ЗЕР КАРДА ИСТЕД..... ТУРА ЧИВУ БА СИЁСАТ КУШ ШИДАНТ ЧИ Ё БА САВОДАМ БОШИ ГАПИ ТУХАМ ЧАВОБГАРИ ДОРАД. ГАПХОЯТ ХАМААШ БЕ АСОС АСТ БОЙ БЕСАВОД. АГАР НАХОИ КАПИДАНИ ТУ ХАМ ДУ КАРАТ ДУ ХАСТ БАРОИ ХАМИН. ХАМОН ГАПИ БОЛО

Абдуллох
Значит чанд каси дигар бояд махкам шаванд

Саид
Тамоми силохои рабурдашуда ба кайд гирифта шудаанд. Хатман кофта меёбанд. Кажд аз он рох, ки бадгухар аст. Монданаш айб куштанаш хунар аст. Ходисахои охир собит сохт, чунин ашхосро хеч гох бовар кардан даркор нест.

Ба Саша
Бародар ича чаласаи амният нест. Бесавод гапи хака гуфтай вай бесавод нест лекин хамин псевдонима ба худаш мондай. Вай хакай ин хамма спектакл буд ва гуфти хамин бесаводам мешавад. Режесёри ин хамма спектаклхо як кас мебошад, ки хаммавакт як сенарияро менависад. Аз хонаи нахзатихо ин ярокхои бокимондаро меёбанд чихеле ки дар хонаи Лангариевхо бо мошин оварда бад дар телевизон нишон додан. Охи мардум хамаро мебинад, ку кур нестан. Рузе мешавад, ки коса пур мешавад ва ту баринора боз ду кара ду меёбанд. Пока гуляй Вася.

умный
Ба бесавод! ту хакикат хам бесаводита исбот карди....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)