Жириновский хостори бозгашти русҳо ба марзи Тоҷикистон шуд

Владимир Жириновский, раиси Ҳизби либерал демократҳо ва ноиби раиси Думаи давлатии Русия пешниҳод кардааст, ки низомиёни рус ба марзи Тоҷикистон баргарданд.
Жириновский 25 сентябр дар шарҳи қазияи боздошти овозхонҳои маъруфи рэп дар Русия- Гуф ва Слим изҳор доштааст, роҳи маводи мухаддирро бояд дар марзи Тоҷикистон гирифт. Раиси Ҳизби либерал-демократи Русия аз амали Дмитрий Носов, вакили ҳизбаш дар Думаи давлатӣ, ки боздошти рэпхонҳо бо ташаббуси ӯ сурат гирифтааст, интиқод намуд: “Мо ба Носов чунин дастур надодаем. Албатта мубориза бо маводи мухаддир зарур аст, аммо ба ин бояд мақомоти дахлдор машғул шаванд. Мо амали Дмитрий Носовро маҳкум кардем ва дар интихоботи оянда номзадияшро ба вакилӣ аз ҳизби худ пешниҳод нахоҳем кард”.
Жириновский таъкид намудааст, ки маводи мухаддир бояд дар Русия набошад ва барои ин зарур хондааст, ки бо Тоҷикистон созиш шавад то марзбонҳои рус ба сарҳад бо Афғонистон баргарданду роҳи қочоқи маводи мухаддирро гиранд. Ин пешниҳоди Жириновский дар ҳолест, ки ахиран додгоҳи Новосибирск рэпхонҳои рус - Гуф ва Слимро барои истеъмоли кокаин ба 6 ва 5 рӯзи маҳбас маҳкум кард, ки боиси сарусадои зиёд дар Русия шуд.
Қаблан Маркази тадқиқоти стратегӣ ва сиёсати хориҷӣ, мақараш дар шаҳри Мински Белорус бо нашри гузориши ҷадиде дар бораи дурнамои нави геополитикаи Русия таъкид намуда буд, ки стратегияи нави геополикии Русия амалгаро буда, ин кишвар ният дорад, хатти дифояшро ба сарҳадҳои берунии Тоҷикистон, Қазоқистон, Белорусия, Абхазияю Осетияи ҷанубӣ интиқол диҳад: “Эҷоди ноамнӣ дар қад-қади ин хатти стратегӣ банде аз геополитикаи нави Русия аст, ки ҳадаф аз он кам кардани ҳузури абарқудратҳои дигар дар ин минтақа мебошад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |