АКСУ ВИДЕО: Видоъ бо Суфиев, овозхони оворагарду нобино дар Норак
Абдухолиқ Сӯфиев, овозхони оворагарду нобинои тоҷик, шаби 25 ба 26 сентябр дар шаҳри Норак дар синни 61 солагӣ аз олам чашм пӯшидааст.
Тавре наздикони Сӯфиев ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ӯ вақтҳои охир аз бемории сил ва ҷигар ранҷ мебурд: “Давоми ду моҳ дар беморхонаи Ёвон табобат гирифт ва ахиран ба хонаи наздиконаш ба Норак интиқол дода шуд. Маросими видоъ бо Суфиев имрӯз, 26 сентябр дар деҳаи Даҳанаи Норак баргузор шуд”.
Сӯфиев, ки аз модар нобино таваллуд шудааст, дар баробари овозхонияш инчунин дар филмҳои «Ишқ ва фалсафа»-и Мӯҳсини Махмалбоф ва «Овора»-и коргардон Далер Раҳматов нақш бозидааст. Ӯ то чанд соли пеш ҳамроҳ бо ҳамсараш дар хона интернати пиронсолон ва маъюбони ноҳияи Ёвон ба сар мебурд.
Филме дар бораи зиндагии Абдухолиқ Сӯфиев:
Маросими видоъ бо Сӯфиев дар Норак:
Аксҳо аз саҳифи фейсбукии Музаффар Ҳақдодов
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |