Нақби “Истиқлол” кушода шуд

Ҳаракати нақлиёт тавассути нақби “Истиқлол” дар гарданаи Анзоб, ки пойтахти Тоҷикистонро бо шимоли кишвар мепайвандад, дубора ба роҳ монда шуд.
Қурбон Саидов, сардори Раёсати нақлиёти роҳи заминии Вазорати нақлиёт, дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ки субҳи имрӯз 25 сентябр соати 10:00 нақби “Истиқлол” расман кушода шуд.
Бунёди нақби “Истиқлол”, ки дар гарданаи Анзоб воқеъ асту шаҳри Душанберо бо шимоли кишвар пайваст мекунад, аз соли 1998 бо кумаки молии Эрон аз ҷониби ширкати “Собир Интернешнл” оғоз шуд. Моҳи майи соли 2003 Душанбе ва Теҳрон барои анҷоми корҳои сохтмонӣ Ёддошти тафоҳум тасвиб карданд.
Барои иҷрои ин тарҳ 39 миллион доллар ихтисос шуда, аз ин миён 21 миллион доллар кумаки билоивази Эрон мебошад. Бо вуҷуди ифтитоҳи расмии нақб вазъи он ногувор буда, мусофирон зимни убури он ба мушкилиҳо дучор мешуданд. 23 июни соли равон рафтуо тавассути ин нақб дубора маҳдуд шуда, дар асоси созишномаи дуҷониба миёни ҳукумати Тоҷикистону Эрон корҳои бозсозию бастани маҷроҳои об дар мавзеъҳои алоҳида, бетонрезии қабати болоии роҳ, равшаннамоӣ ва ҳавотозакунӣ ба анҷом расид.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |