Таъсиси Кумитаи дифоъ аз масъулини боздоштшудаи ҲНИТ

Дар пайи боздошти 13 узви фаъоли Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Кумитаи ҷамъиятӣ барои дифоъ аз ҳуқуқи боздоштшудаҳо ташкил ёфтааст.
Дар ин бора ба “Озодагон” Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи 5 масъули боздоштшудаи ҲНИТ хабар дода, афзуд, ки кумита ба хотири ошкору ҷилавгирии қонуншиканӣ алайҳи боздоштшудаҳо таъсис ёфтааст.
Ёров имрӯз, 25 сентябр дар суҳбат бо “Озодагон” изҳор дошт, ки то ҳол наздикони 5 масъули боздоштшуда аз ҷумла Маҳмадалӣ Ҳаитов, Розиқов Зубайдуллоҳ, Ҳикматулло Сайфуллозода барои ҳимоя муроҷиат кардаанд: “Зерҳимояҳои маро аз манзилҳояшшон боздошт кардаанд ва гуфтаи мақомот, ки онҳоро дар роҳи фирор дастгир намудаанд, нодуруст аст. Инчунин чӣ гуна бе иҷозатнома манзили онҳоро кофтукоб кардаанд? Барои муайян кардан, ки то куҷо боздошт ва кофтукоби манзилҳои онҳо дар доираи қонун аст, кумитаи ҷамъиятиро ташкил додем, ки наздикони 5 зерҳимояи ман ба он ҷалб шудаанд”.
Бузургмеҳр Ёров таъкид намуд, ки нахуст барои расидагӣ ба ин қазия бо Додситонии кул, дигар ниҳодҳои дахлдор ва баъдан ба раисиҷумҳури Тоҷикистон низ муроҷиат хоҳанд кард.
Таъсиси Кумита дар ҳолест, ки қаблан Додситонии кулли Тоҷикистон аз боздошти 13 узви раёсати Ҳизби наҳзати исломии кишвар хабар дода, онҳоро дар экстремизм, қасди нооромсозии кишвар ва даст доштан дар ҷиноятҳои гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим муттаҳам кард.
Ин ниҳод рӯзи 17 сентябр бо пахши як изҳорот дар қатори аъзои боздоштшудаи ҲНИТ аз ҷумла 1.Ҳисайнов Умаралӣ Фатоҳович, соли таваллудаш 1961, зодаи ноҳияи Мӯъминобод, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Крупская, хонаи 114; 2. Ҷобир Раҳматуллои Раҷаб соли таваллудаш 1958, зодаи деҳаи Таҳназарии ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи Файзобод, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кучаи Ф. Аттор, хонаи №5 0; 3. Давлятов Абдуқаҳор Абдукаримович, соли таваллудаш 1975, зодаи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Ушаков, х.110, ҳуҷраи 8; 4. Каримов Саттор Самадович, соли таваллудаш 1959, зодаи шаҳри Кӯлоб, истиқоматкунандаи ноҳияи Ҳисор, ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо, деҳаи Деҳи Нав; 5. Розиқов Зубайдуллоҳ, соли таваллудаш 1946, зодаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ, хонаи 337, ҳуҷраи 15; 6. Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, соли таваллудаш 1959, зодаи ноҳияи Панҷ, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, маҳаллаи Хоҷанбиёи Поён, хонаи 125; 7. Ҳикматулло Сайфуллозода, соли таваллудаш 1950, зодаи ноҳияи Панҷ, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Fафуров, бинои 10/1, хонаи 10; 8. Ҳаитов Махмадалӣ Раҳмонович соли таваллудаш 1957, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Алишер Навоӣ, хонаи 17/4, ҳуҷраи 6; 9. Авазов Қиёмиддин Қурумҷонович, соли таваллудаш 1959, зодаи ноҳияи Вахш, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Б. Fафуров, бинои 10/1 хонаи 10; 10. Хуҷаева Зарафо Раҳмоновна, соли таваллудаш 1973, зодаи ноҳияи Қумсангир, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Раҳмон Набиев, бинои 132, хонаи 40; 11. Набиев Маҳмадшариф Маҳмадалиевич, соли таваллудаш 1962, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб, кӯчаи Фрунзе, хонаи 84; 12. Fайратов Абдусамад Исмоилович, соли таваллудаш 1962, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб, маҳаллаи Тамошотеппа; 13. Қосидинов Воҳидхон соли таваллудаш 1956, зодаи ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Пулодӣ, бинои 19, хонаи 10-ро номбар кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |