Тақдими хонаҳо ба оилаи кушташудаҳо дар амалиёт алайҳи Ҳоҷӣ Ҳалим

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ба хонаводаи бархе аз низомиёни кушташуда дар амалиёт алайҳи гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим, имрӯз, 25 сентябр дар шаҳри Душанбе хонаҳои истиқоматӣ тақдим кардааст.
Тавре манобеи “Озодагон” иттилоъ доданд, аз ҷумла оилаи Рустам Амакиев, фармондеҳи кушташудаи гуруҳи “Алфа”-и Кумитаи амнияти миллӣ дар маркази шаҳри Душанбе, наздикии бозори "Шоҳмансур" як манзили се ҳуҷрагӣ ва пули нақд дар ҳаҷми 7 ҳазор сомонӣ гирифтааст. Дар баробари ин хонаводаи бархе аз низомиёни дигаре, ки дар амалиёт алайҳи гуруҳи Абдуҳалим Назарзода кушта шудаанд, соҳиби хона шудаанд: “Дар маҷмуъ оилаҳои ҳамаи 14 корманди кушташудаи мақомот кӯмаки моддӣ ва ордену мукофотҳо гирифтаанд”.
Тибқи иттилои расмӣ бо фармони раисҷумҳури Тоҷикистон фармондеҳи кушташудаи гуруҳи “Алфа”-и Кумитаи амнияти миллӣ пас аз марг бо рутбаи “генерал-майор” ва ордени Спитамен дараҷаи 1 сазовор дониста шуд. Инчунин бо ордени Спитамен дараҷаи аввал Абдураҳмон Аламшозода, муовини аввали вазири корҳои дохилӣ ва Мансурҷон Умаров, муовини аввали раиси Кумитаи амнияти миллӣ қадрдонӣ карда шудаанд.
Манбаъ мегӯяд, дар маҷмуъ раисиҷумҳури Тоҷикистон беш аз 120 нафарро “барои хизмати содиқона ва саҳми арзанда дар таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷасорату фидокорӣ ҳангоми мубориза бо ҷинояткорӣ ва нигаҳдории тартиботи ҷамъиятӣ" бо мукофотҳо қадрдонӣ намуд.
Эмомалӣ Раҳмон 8 сокини дараи Ромитро низ барои мусоидат дар маҳви гуруҳи Абдуҳалим Назарзода бо мукофоти давлатӣ қадрдонӣ кардааст. Мукофот ба 8 сокини Ромит дар ҳолест, ки ба иттилои Вазорати умури дохилӣ дар рафти амалиёт бо мусоидати аҳолӣ 28 узви гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим боздошт гардиданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |