Роҳхати мунтахаби КВН-и Тоҷикистон ба финали лигаи марказии Маскав (АКС)

Тими ҳозирҷавобони тоҷик ба даври финалии маҳфили “Зарифон” ё КВН-и лигаи марказии Маскав роҳ ёфтаанд.
Хайрулло Мирсаидов, раҳбари мунтахаби КВН-и Тоҷикистон дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, баъди рақобат дар даври ниманиҳоӣ, ки рӯзҳои 22, 23 ва 24 сентябр баргузор шуд, дар қатори панҷ дастаи дигар ба даври ниҳойӣ роҳ ёфтанд.
Ба гуфти оқои Мирсаидов, рақобатҳои даври финалӣ аз даҳуми декабр дар Маркази ҷавони Маскав – “Планета КВН” оғоз мегардад: “Дар қатори Тоҷикистон Сирки давлатии Москва, “Электрошок”-и Санкт-Петербург, “Меган Фокс”-и Маскав ва “Чуваш”-и Чебоксар низ ҳунарнамоӣ мекунанд”.
Ӯ афзуд, мунтахаби КВН-и Тоҷикистон баъди ба даст овардани натиҷаҳои хуб дар сабқати байналмиллалии “КВН – 2015” дар Сочӣ миёни 400 даста, ба лигаи марказии Маскав даъват шуд: “Баъди нишондодҳои хуб дар лигаи Маскав ба даври ҳаштякниҳоӣ, чорякниҳоӣ ва ахиран ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтем”.
Хайрулло Мирсаидов мегӯяд, намоишҳои ҳаҷвнигорони тоҷик иборат аз саҳна ва сурудҳои ҳаҷвӣ буда, мақсадашон шинос кардани ҳунар, таърих ва истеъдоди тоҷикон мебошад. Ба гуфти ӯ, мунтахаби ҳозирҷавобони Тоҷикистон аз ҳашт нафар иборат буда, сарпарастии онро Ҳукумати вилояти Суғд бар уҳда дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |