Тирпаронӣ дар марз: Як қочоқчии афғон кушта, чанд тани дигар захмӣ шудаанд
Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз задухӯрди мусаллаҳонаи марзбонони тоҷик бо қочоқбарони афғон хабар медиҳад.
Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ ба “Озодагон” гуфт, ин ҳодиса шаби 22 ба 23 сентябри соли равон дар яке аз дидбонгоҳи сарҳадии Отряди сарҳадии Шаҳритус ба вуқӯъ пайвастааст. Ӯ мегӯяд, қочоқбарон дасти кам 5 нафар буда, дар натиҷаи задухӯрд як тани онҳо кушта ва чандеи дигар захмӣ шудаанд: “Ҳангоми азназаргузаронии ҷои ҳодиса ҷасади қочоқчии 40-45 солаи афғон дарёфт карда шуд, ки Ҷаббор Валади Окил сокини деҳаи Қулухтепаи улусволии Қалайзори Вилояти Қундуз мебошад, ки баъдан ба намояндагони сарҳадии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон расман супорида шуд”.
Ҷаноби Улуғхоҷаев афзуд, аз ҷои ҳодиса як милтиқи шикории ду миллаи 16 мл бо тирҳояш, 2 норинҷаки дастии тамғаи РГД-5 ва зиёда аз 16 кг маводи мухаддир мусодира гардид: “Айни замон аз тарафи мақомоти дахлдори КДАМ ҶТ оиди ҳодисаи мазкур тафтишот ва корҳои фаврӣ идома доранд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |