АКС: Аёдати вазир аз тобеини маҷруҳаш дар Иди Қурбон
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон 24 сентябр дар рӯзи таҷлили Иди Қурбон ба аёдати кормандони зертобеаш, ки дар ҳаводиси ахир ҷароҳат бардоштаанд, ба беморхонаи Қарияи Боло рафтааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилӣ Раҳимзода, кормандонро бо Иди Қурбон шодбош гуфта, ба онҳо шифои комил хостааст. Инчунин вазир ба маҷруҳон туҳфаҳои идона ва маблағи пулӣ тақдим кардааст.
Манбаъ мегӯяд, маҷруҳон аксаран кормандони дастаи таъиноти махсуси милиса (ОМОН) ва маъмурини ШКД-и Ваҳдат буданд, ки аз дасти гуруҳи Абдуҳалим Назарзода ҷароҳат бардоштаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |