Дастурҳои Президент: Телевизиони нав моҳи ноябр фаъол мешавад
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон қарори ҳукумат дар бораи таъсиси муассисаи давлатии телевизиони Варзиш ба имзо расондааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ахири ҳукумат хостори беҳтар кардани муҳтавои барномаҳои телевизионии кишвар шуда, барои ҷоллиб кардани шабакаи нав ба раҳбарияти Кумитаи телевизион супоришҳои мушаххас додааст. Раисиҷумҳур таъкид намудааст, ки дастовардҳои варзишгарони тоҷик дар сатҳи миллию байналмилалӣ рӯзафзунанд ва ТВ Варзиш бояд дар сатҳи лозимӣ фаъолияташро барои инъикоси ин соҳа ба роҳ монад.
Интизор меравад, ки шабакаи нав дар Тоҷикистон моҳи ноябри соли равон фаъол мешавад.
ТВ Варзиш дар баробари Шабакаи аввал, “Сафина”, “Ҷаҳоннамо” ва “Баҳористон” 5-умин шабакаи миллӣ хоҳад шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |