Пешниҳоди ҳукумат: Фолу ҷоду ҷиноят эълон шаванд
Ҳукумати Тоҷикистон ба Кодекси ҷиноятӣ тағйиру иловаҳоеро пешниҳод намудаст, ки тибқи он фолбонӣ ва сеҳру ҷоду дар кишвар ҷиноят мебошанд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон дар сурати тасдиқи ин тағйирот дар парлумони кишвар ҷавобгарии ҷиноӣ барои сеҳру ҷоду шадид мегардад: “Аз ҷумла барои ҷодугарон то 7 соли зиндон пешбинӣ шудааст”.
Ин дар ҳолест, ки мақомоти тоҷик тайи солҳои охир мубориза алайҳи сеҳру ҷоду ва фолбинҳоро шадид карда, бисёре аз боздоштшудагонро аз рӯи моддаи қаллобӣ ба ҷавобгарии ҷиноӣ мекашиданд. Бархе аз фолбинҳо бо ҷарима халос мешуданд, чун тибқи қонунгузории феълӣ сеҳру ҷоду ба гуруҳи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ дохил мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |