(АКСУ ВИДЕО) Роҳхати Макнуна Ниёзова ба Кореяи Ҷанубӣ баъди пирӯзӣ дар “Face of Central Asia”
Макнуна Ниёзова, тарроҳи ҷавони тоҷик ғолиби фестивал-озумни “Face of Central Asia” (Чеҳраи Осиёи Марказӣ) гардида, ба ҷашнвораи муди Кореяи Ҷанубӣ роҳхат гирифтааст. Макнуна Ниёзова дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, коллексияи намоишдодаи ӯ дар “Face of Central Asia” мавриди истиқболи гарми иштирокдорон қарор гирифт ва нахустин иштирокчие шуд, ки роҳхати даври финалии “Asia Model Festival-2016”-ро дарёфт намуд: “Ягон тарроҳи дигар роҳхат нагирифт. Доварон танҳо намояндаи Алмааторо гуфтанд, ки мавриди баррасӣ хоҳад буд”. “Face of Central Asia” шоми 23 сентябр дар Алмаатои Қазоқистон бо ширкати тарроҳон аз панҷ кишвари Осиёи Марказӣ сурат пазируфт. Макнуна Ниёзова ягона намояндаи Тоҷикистон дар ин ҷашнвора буд. Хонум Ниёзова 23 сентябр дар як суҳбати катбӣ ба “Озодагон” гуфта буд, дар фестивал-озмуни мазкур либосҳои миллии тоҷикӣ, санъату фарҳанги зебопарастии тоҷиконро муаррифӣ хоҳад кард. “Face of Central Asia” аз сӯи ширкати “B&Y media” ва “Соpaсаbana” созмон ёфта, ҳадафи он рушди санъати муд, зебоӣ ва ошноӣ пайдо кардан бо санъату фарҳанги кишварҳои Осиёи Марказӣ унвон шудааст.ВИДЕОИ намоиши либосҳои Макнуна Ниёзова дар “Face of Central Asia” VIDEO
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 »Душ Сеш Чор Пан Ҷум Шан Якш 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29 30