Иди Қурбон ғам, туҳмат ва фаҳшро аз зиндагии мо бубар!
Моҳирахон ХОҶАЕВА
Кӯдакию наврасӣ хуб давраи тиллоию наҷиб аст. Аз ҳама ташвишҳо дурем. Аз ташвишҳои рӯзгор, аз ташвишҳои зиндагӣ, аз пастию баландиҳо, аз умеду ноумедиҳои зиндагӣ ва аз ғайбату туҳмат дурем!
Ибораи маъмули “мехоҳам аз нав кӯдаки нодон шавам” беҳуда гуфта нашудааст. Махсусан дар замони имрӯз, ки зери фазое саропо аз бадию бадбинӣ ва ғайбати якдигар қарор дорем.
Бо эҳсоси якдигар бозӣ кардану паси панҷара, паси дари ғаму ғурбат равон кардани дигарон хеле осон гардидааст. Ҳамагӣ дуруғгӯ шудаем!
Барои бурди кори хеш ба ҳама кор қодирем, лаҳзае андеша намекунем, лаҳзае фикр намекунем, ки мо бо ин рафтори худ нафареро ба роҳи ғам ё ба кӯчаи сарбаста дорем равон мекунем…
Нафаре нест, то бигӯяд, ин кори хато аст. Саҳфаи рӯзнома, интернет ва телевизиону радио аз даҳшату “фаҳш” хабар медиҳад. Куштори арӯс аз дасти хусуру хушдоман ва ё баръакс. Куштори дӯстдухтару дӯстписар аз дасти ҳамдигар. Таҷовуси модарону духтарон, кӯдакони бечора, кӯдаконе, ки ҳанӯз чизеро намедонад…
Имрӯз дар фазои терроризм, эктремизм ва радикализм зиндагӣ дорем. Мақомоти амниятиву интизомии Тоҷикистон пайваста дар бораи боздошти афрод бо гумони узвият ё ҳамкорӣ бо гуруҳҳои тундраву террористӣ хабар медиҳанд. Аз Тоҷикистон бештар дар бораи боздошти аъзо ё пайравони ҷунбишҳое, чун “Ансоруллоҳ”, “Ҳизб-ут-таҳрир”, “Салафия”, “Ҷамоати таблиғ”, “Ҳаракати исломии Узбакистон” ва шохаҳои он, аз ҷумла “Ҳаракати исломии Туркистони шарқӣ” гузориш мерасад...
Фазои имрӯзаи мову шумо чунин аст. Мехоҳам дар муҳити фориғ аз ин ҳама бошам. Дур аз фаҳш, дур аз бадбинию дуруғгӯӣ, дур аз туҳмат.
24 сентябр рӯзе аст, ки тамоми мусулмонони олам Иди Қурбонро таҷлил мекунанд. Тамоми мусулмонони олам намози Идро ба ҷо меоранду дасти дуо мебардоранд. Дуои ман ин аст, ки Иди Қурбон “Қурбониҳои ғаму андуҳи зиндагӣ”-ро аз байн бубарад. Ақалан то як соли дигар ғам, туҳмат, фаҳш, бадбинию дурӯғгӯӣ набошад...
Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони азиз!
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |