Бахшҳо
25 сен 2015 12:30Тоҷикистон / Сиёсат

Эмомалӣ Раҳмон ба Ню-Йорк рафт

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 25 сентябр барои ширкат дар иҷлосияи 70-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба шаҳри Ню-Йорки Амрико сафар намуд.

Тибқи иттилои дафтраи матбуоти раисиҷумҳур, дар фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе Эмомалӣ Раҳмонро Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон, Қоҳир Расулзода, сарвазири кишвар, Бахтиёр Худоёрзода, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президент ва дигар шахсони расмӣ гусел намудаанд.

Манбаъ мегӯяд, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷӣ, Эркинхон Раҳматуллозода, ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва чанд тан аз шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Дар назар аст, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон ва сарвазири Таиланд рӯзи 27 сентябр дар шаҳри Ню-Йорки Амрико ҳамоиши байналмилалии сатҳи баланд оиди ҳамкорӣ дар соҳаи обро роҳбарӣ хоҳанд кард, ки дар ҳошияи Саммити СММ оид ба рушди устувор баргузор мешавад.

Ин сафари Э.Раҳмон дар ҳолест, ки моҳи июни соли равон Пан Ги Мун, дабири кулли СММ дар ҳошияи Конфронси натиҷагирӣ аз Даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Об барои ҳаёт” дар Душанбе раисиҷумҳури Тоҷикистонро ба Ню-Йорк даъват намуда буд. Пан Ги Мун аз Эмомалӣ Раҳмон даъват карда буд, ки ба ҳайси роҳбари давлати ташаббускор дар ҳаллу фасли мушкилоти ҷаҳонии вобаста ба об, энергетика, гармшавии иқлим ва таъмини рушди устувор, аз ҷумла аз тариқи истифодаи васеъ аз иқтисоди сабз, имсол дар иҷлосияи навбатии Маҷмаи умумии СММ дар шаҳри Ню-Йорк иштирок намояд.
Мӯҳр
ватандор
Муваффак бошед мухтарам Чаноби Оли

рахмат
Чаноби Оли мисли кухест ки аз боду боронхои майда чуда на ебад газанд! Парвои нимчахоинхо надорад, ки чи кор мекунанд))))))))

Зинда Боши марди Худо Хамавакт дар болои миллати ТОЧИК ПОЯНДА БОШИ!!!

nabi farhor
ИНШИОЛЛОХ рузе хохад шуд,ки Э.Рахмонро дар хамаи сохахои пешрафти давлат дар хама гуна конфронсхои чахони даъват намоянд.

ШУКРОНАИ АЛЛОХ
Сари хар зур зур аст янеъ Худо шукронаи Худо гуйд инсон параст нашавед ки ширк аст приздентам мисли мову шумо инсони оди аст ШУМО ягон перездентро дидаед ки пеши сел ё заминларза ё бемори хои табобат нашавандаро грифта бошад не барои хамин хохиш мекунам лаганд бардори накне

Gulnoz
In laganbardori ne,balki mehr ast.Khudovand buzurg ast va chunin sitoishoi beokhirro ba hamin kas loik didaast.

Шукри Худой,ки чунин сарварро бар Точикистон насиб гардонидааст.ватандор,

Хак
Гапи оличаноб гуфтед

мухаммад
АЛЛОХ ин мардро дар панохаш нигох дорад!!!

Шодон
Сафаратон бехатар бод, Чаноби Оли. Падарчон!

Сино
Лаганбардори не, мо мардуми мехнадуст мехнаткаш ва инсондуст Худованди бузург ба мардуми Точикистониён рохбари хуб додааст.Рохбари давлат дар хамаи ходисахои руз ё обхези ё заминларза ё чанги дохили хозир аст чихел шумо намебинед.Шукронаи Аллох рохбари хуб додааст.Бояд хурмати эхтиром намоем...
ШУКРОНАИ АЛЛОХ,

Сино
Чи хели бошад набошад барои мо рохбари давлат аст хох,и нахох,и бояд рохбари давлатро хурмат намоед.Шукири Аллох рохбари хуб додааст.Бояд лаганбардори кунед.

,прокуратураи генерали бошад мардуми бечораро тухмат зада пулои калон гирифтестан хусусан муфатиш

Агар Озодагон мардуми боши чоп мекуни хакиката

Гамхори миллат
Э мардум хамон чаноби олитона инкадар тариф мекунед якбор ба ёд наморед ваъдахояшро.Тибки ваъдахо бояд дери дер имрузо Точикистон бо кувваи барк зимистону тобистон таъмин мешуд.Барои ки лозим аст ин сафархои дуругаки ки хеч манфиате намеоранд барои Мардум, якбор фикр кунед мо дар соли 2015 карор дорем дар хамсоя кишвари мо Туркманистон газу барк бепул аст.Мо аз Чаноби оли кухи тилло талаб намекунем,талаби мо ваъдахои худи чанобтон аст, ки дар соли 2012 бояд мо хали точик ба кувваи барк таъмин мешудем.
Хохиш хамин барои худатон талаб кардан наметонед инкадар тариф накунед,Ягар то соли оянда Точикистон бо одди тарин шароити зиндаги таъмин нагардад angry ватандор,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)