Ҳушдори Амрико аз зӯроварии оммавӣ алайҳи аҳолии осоиштаи Тоҷикистон
Таҳлилгарони амрикоӣ бо нашри як раддабандӣ Тоҷикистонро аз рӯи эҳтимолияти зӯроварӣ алайҳи аҳолии осоишта миёни 162 кишвари дунё дар ҷои 72 нишондаанд.
Тибқи ин раддабандӣ, ки аз ҷониби коршиносони Осорхонаи холокости Вашингтон таҳия шудааст, миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ эҳтимоли бештари зӯроварӣ алайҳи аҳолии осоишта дар Қирғизистон вуҷуд дорад, ки як дарсадро ташкил медиҳад: “Қирғизистон миёни 162 кишвар дар ҷои 39-юм, Қазоқистон бо эҳтимолияти 0,7 дарсад дар зинаи 57, Тоҷикистон бо эҳтимолияти 0,5 дарсад дар ҷои 72, Туркманистон бо нишондоди 0,4 фоиз дар ҷои 88 ва Узбакистон бо эҳтимолияти 0,3 фисад дар зинаи 93-юм қарор доранд”.
Ин раддабандӣ бо назардошти ҳаводиси 50 соли охири кишварҳо ва назари беш аз 100 коршинос таҳия шуда, ҳадафи он ҳушдор ба ҳукумат ва ҳомиёни ҳуқуқ арзёбӣ мешавад, то саривақт аз сар задани хушунат алайҳи аҳолии осоишта ҷилавгирӣ кунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |