Бахшҳо

Набераи Зиёдулло Шаҳидӣ барандаи озмуни байналмилалии композиторон шуд

Фарангис Нурулло-Хоҷа оҳангсози машҳури тоҷиктабори Канада ва Шветсия барандаи озмуни байналмилалии композиторон дар шаҳри Лодзии Лаҳистон шудааст.

Торнамои Ҷомеаи тоҷикони Канада менависад, Фарангис барои асаре бо номи тоҷикии “Дайду”, ки барои виолин, созҳои кубаӣ ва оркестри созӣ эҷод шудааст, дар ин озмун пирӯз шудааст. Ба иттилои манбаъ, қарор аст расми эътои ҷоиза 27 ноябри соли ҷорӣ дар толори Филармонияи шаҳри Лодзи Лаҳистон ба номи Артур Рубинштейн баргузор шавад.

Фарангис фарзанди профессор Мунира Шаҳидӣ ва набераи оҳангсози машҳури тоҷик Зиёдулло Шаҳидӣ мебошад. Ӯ дастпарвари донишгохи Гётенбурги Шветсия буда, ба иттилои торнамои Ҷомеаи тоҷикони Канада, асарҳои баландмазмуни мусиқии Фарангис дар толорҳои машҳури мусиқии Аврупо садо медиҳанд ва осори ӯро оркестрҳои машҳури симфонии Хелсинки, Готенбург, Стокҳолм, Мюнхен, Токио, Монреал, Ню-Йорк, Балтимор, Берлин, Париж, Шанхай, Амстердам, Осло ва даҳҳо дастаҳои ҳунарии ҷаҳон иҷро мекунанд.

Ба иттилои манбаъ, моҳи октябри соли ҷорӣ силсилаконсертҳои Фарангис Нурулло-Хоҷа таҳти унвони “На ин ҷо ва на он ҷо” дар дар ҳамаи шаҳрҳои Канада баргузор мегардад.
Мӯҳр
Ин дастовардро ба хонаводаи муҳтарами Шаҳидӣ ва кули мардуми кишвар табрик мегӯям.

mahdi
Дар мукоиса бо шумхабархо дар бораи хамшахрихои дузду каллобу рохзан, ки аз хонданашон шарми кас меояд, чунин хабархои хуш руху илхом мебахшанд. Офарин, хонум Фарангис!

Бигзор ба зодгоҳаш шаҳри Душанбе омада, консерт диҳад. Дӯстдорони ин соҳаи мусиқӣ ҳоло ҳастанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)