(ВИДЕО) Сафири Амрико дар бораи ҳодисаҳои ахир ва пайвастани Ҳалимов ба ДИИШ
Сюзан Эллиотт, сафири Амрико дар Тоҷикистон мегӯяд, хушунат наметавонад ҷавоб барои мушкиле бошад. Ӯ ин нуктаро имрӯз, 22 сентябр аснои як нишаст дар шаҳри Душанбе иброз дошт.
Ӯ нахуст ба наздикони хонаводаҳое, ки дар амалиётҳои ахир кушта шудаанд, изҳори тасалият намуда, марги онҳоеро, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои хидматӣ ҷон бохтанд, талафоти бузург хонд. Ӯ дар идома аммо гуфт, “фикр мекунем, хушунат наметавонад ҷавоб барои мушкиле бошад”.
Сафири Амрико таъкид кард, наметавонад ангеза ва ҳадафи онҳоеро, ки исён карданд, шарҳ бидиҳад. Ӯ афзуд, ҳанӯз дар ин маврид ҳарф задан зуд аст: “Бо ҳукумати Тоҷикистон суҳбат кардам ва гуфтанд, тафтишот идома дорад. Бовар дорам, онҳо қазияро рӯшан намуда, моро дар ҷараён мегузоранд”.
Аз хонум Эллиотт пурсида шуд, ки шеваи интихоби афсарон барои омӯзишу тамрин дар Амрико чигуна аст? Ин суол дар иртибот ба Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи ОМОН-и Тоҷикистон, ки ба гуруҳи террористии “Давлати исломӣ” пайваст ва гуфта мешуд, ду маротиба дар Амрико тамрин дидааст, пешниҳод гардид. Сафири Амрико гуфт, раванди интихоби афсарон хеле мураккаб буда, аз сӯи Конгресс роҳандозӣ мешавад: “Барои интихоби ҳар намоянда мо аз тарзи интихоби “Лейхи” истифода мебарем. Ва бо истифода аз ин усул номзадҳоро интихоб мекунем ва онҳо дар ИМА тамрин мекунанд. Аз ин рӯ агар нафаре аз ҳисоби маблағҳои ИМА омӯзиш дид, мо ин нафарро хеле ҷиддӣ пайгирӣ мекунем. Ман намефаҳмам барои чӣ полковник Ҳалимов тасмим гирифт, ки ба гуруҳи ДИИШ бипайвандад. Мехоҳам таъкид кунам, вақте Ҳалимов дар ИМА тамрин мегирифт, ДИИШ ҳанӯз таъсис наёфта буд”.
ВИДЕОИ суҳбати Сюзан Эллиоттро инҷо тамошо кунед
Ин нишасти хабарӣ ба тамринҳои “Ҳамкории минтақавӣ”, ки 16 сентябр дар Душанбе шурӯъ гардид, бахшида шуд. Дар ин тамринҳо, ки то 24 сентябр идома мекунад, 187 нафар аз Тоҷикистон, ИМА, Муғулистон ва Покистон иштирок доранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |