Э.Раҳмон қурбониро танҳо барои одамони доро раво хонд
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, Иди саиди Қурбонро, ки 24-уми сентябр таҷлил мешавад, ба мардуми кишвар шодбош гуфта, ба хонадони ҳар фарди Ватан оромиву осоиш, рӯзгори обод ва файзу баракат орзу намудааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштааст, ки Иди қурбон аз ҷумлаи арзишҳои муқаддаси суннатии мардуми мусулмони мо буда, одамонро ба корҳои хайру саховат ва амалҳои нек ҳидоят менамояд ва дар қалби ҳар фарди мусулмон ниҳоли меҳру муҳаббатро нисбат ба ҳамдигар решадор месозад.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон зикр кардааст, ки дини мубини Ислом сарчашмаи адаб, махзани бузурги панду насиҳат ва тарғиби некиву накӯкорист: “Хусусан, дар шароити торафт тезутунд гардидани раванди ҷаҳонишавӣ, ки баъзе қувваҳои носолим дини мубини исломро ҳамчун воситаи ангезишҳои сиёсӣ ва амалӣ намудани манфиатҳои гурӯҳӣ истифода мебаранд, моро зарур аст, ки зиракиву ҳушёриро аз даст надиҳем”.
Раисиҷумҳур бо зикри сифатҳои башардӯстонаи дини мубини Ислом хотирнишон кардааст, ки яке аз ойинҳои Иди мубораки Қурбон, яъне қурбонӣ кардан ва забҳи чорво танҳо ба шахсоне раво дониста шудааст, ки имконияти молиявии аз таъмини хонаводаашон бештар доранд: “Ба дигарон ба номи Худованд ва наздикону ақрабо дуову дуруд фиристодан ва анҷом додани дигар амалҳои хайру солеҳ вобаста ба сатҳи зиндагиашон кори савоб ба ҳисоб меравад. Бузургони мо беҳуда ҳатто бо якдигар сухани нек гуфтан, рафтори шоиста доштан ва дили касеро шод гардониданро беҳтарин садақаву хайрот нагуфтаанд”.
Эмомалӣ Раҳмон афзудааст, қаноат пеша кардан ва дороии худро барои беҳбудии оилаи худ сарф кардан асоси пешравӣ ва баланд гардидани дараҷаи зиндагии ҳар сокини кишвар мебошад. Ӯ дар охир бори дигар ба ҳамаи ҳамватанон Иди Қурбонро табрик гуфта, хонаободиву сарбаландӣ, тандурустиву фарохдастӣ ва саодати рӯзгорро таманно кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |