(ВИДЕО) Назарпурсӣ: Рӯдакӣ асосгузори забони тоҷикӣ буд...
Шурӯъ аз соли 2002 дар Тоҷикистон ҳамасола 22-юми сентябр -- зодрӯзи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, сардафтари адабиёти форсӣ-тоҷикӣ ба унвони Рӯзи Рӯдакӣ таҷлил мешавад.
Ба хотири бузургдошти Рӯдакӣ нашриёти “Бухоро” бо теъдоди ҳазор нусха “Девони Рӯдакӣ”-ро дубора чоп кард. Рӯзи гузашта, 21 сентябр дар Душанбе ҳамоиши илмие таҳти унвони “Рӯдакипажӯҳиш” бо иштироки донишмандон аз Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон баргузор шуд.
Дар робита ба Рӯзи Рӯдакӣ хабарнигори “Озодагон” аз роҳгузарон дар кӯчаҳои пойтахт пурсид: Абуабдуллоҳи Рӯдакиро мешиносед?
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |