Ҳамсари Сайфуллоҳзода: Барои адвокат пул надорем...
Ҳамсари Ҳикматулло Сайфуллоҳзода, узви боздоштшудаи Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, ҳанӯз барои дифои ҳуқуқҳои шавҳараш вакили дифоъ нагирифтааст.
Ӯ бидуни зикри номаш, имрӯз, 22 сентябр дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, бо далели надоштани маблағ ин корро накардааст: “Ман дар хона ягон тини сиёҳ надорам. Дина аз ҳамсоя 200 сомонӣ қарз гирифтам, ки писарам ноумед нашавад. Як моҳ боз дар хонаам чизе нест”.
Ҳамсари Сайфуллоҳзода мегӯяд, аз замони боздошт ба дидори шавҳараш муваффақ нашуда ва намедонад, ки ӯро дар куҷо нигоҳ медоранд: “Дирӯз дар интернет хондам, ки зани кадоме аз боздоштшудаҳо адвокат гирифтааст, аммо пеши онҳо даромадан намондаанд. Гуфтаанд, баъди 7 соат хабар медиҳанд, аммо хабар ҳам надоданд. Ягон адвокат пеши онҳо даромадан наметавонистааст”.
Ҳикматулло Сайфуллоҳзода ва 12 тан аз аъзои Раёсати олии ҲНИТ замоне боздошт шуданд, ки мақомот аз анҷоми амалиёти вижа алайҳи дастаи генерали фирории Вазорати дифоъ -- Абдулҳалим Назарзода хабар дод.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |