Сафари Э.Раҳмон ба Ҳисор аз ифтитоҳи Кохи фарҳанг шурӯъ гардид
Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба ноҳияи Ҳисор аз ифтитоҳи Кохи фарҳанг дар маркази ноҳия оғоз шудааст.
Дафтари матбуоти президенти кишвар мегӯяд, “сарвари давлат бо буридани лентаи рамзӣ ба оғози фаъолияти Кохи бошукуҳи фарҳанг асос гузошт”. Ба иттилои манбаъ, Кохи фарҳанг бо 700 ҷойи нишаст бо харҷи қариб 27 миллион сомонӣ маблағҳои ҷумҳуриявӣ дар масоҳати 1,3 га аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шудааст: “Корҳои сохтмонӣ дар Кохи фарҳанг, ки аз 3 ошёна иборат мебошад, аз соли 2013 оғоз гардида буд”.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳур меафзояд, Эмомалӣ Раҳмон инчунин Китобхонаи марказии ноҳияро расман мавриди истифода қарор дод: “Сохтмони китобхона моҳи феврали соли 2014-ум бо тарҳ ва усули хоси меъморию шаҳрсозӣ шурӯъ гардида, бо харҷи 6 миллион сомонӣ бо фармоиши Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Ҷамъияти Дорои масъулияташ маҳдуди “Монолит 2011” бунёд гардид”.
Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ҳисор имрӯз, 22 сентябр шурӯъ шуд ва дафтари матбуоти президент ҳадафи онро “ифтитоҳи як қатор муассисаҳои маорифу, фарҳанг, инчунин шиносоӣ бо вазъи корҳои саҳроӣ, рафти бунёди иншооти ҷашнии 3000-солагии Ҳисор” гуфт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |