Ҷоизаи “RCCI the best foreign mission award for 2015” ба Сафорати Тоҷикистон дар Исломобод
Сафорати Тоҷикистон дар Покистон ба дарёфти ҷоизаи “RCCI the best foreign mission award for 2015” мушарраф гардидааст.
Аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ин ҷоиза бо қарори Шӯрои идоракунони Палатаи савдо ва тиҷорати Равалпиндии Покистон барои рушди муносибатҳои дуҷониба дар самти тиҷорат ва ҳамкории иқтисодӣ тақдим гардидааст.
Манбаъ меафзояд, “RCCI the best foreign mission award” ҳамасола ба ташкилоту намояндагони бахшҳои мухталиф барои саҳми арзандаашон дар дастовардҳои беҳтарин дар соҳаи саноат, тиҷорат, санъат, илму маориф ва ВАО ба намояндагони сохторҳои давлатӣ, доираҳои тиҷоратӣ, сафоратҳои давлатҳои хориҷӣ, иттиҳодияҳои ғайридавлатӣ ва ВАО супурда мешавад.
Ба иттилои манбаъ, ҷоизаро Исҳоқ Дор, вазири федералии хазинаи Покистон ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон супурда, “аз номи Ҳукумати Покистон расман ба сафорат барои саҳми он дар рушди муносибатҳои иқтисодии байни ду кишвар изҳори миннатдорӣ намуд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |