Литсейи касбӣ-техникии Восеъ ба номи Амакиев гузошта шуд
Литсейи касбӣ-техникии ноҳияи Восеъ ба номи Рустам Амакиев, собиқ фармондеҳи “Алфа”, гуруҳи махсуси зертобеи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон гузошта шудааст. Дар ин бора наздикони марҳум имрӯз, 21 сентябр ба “Озодагон” иттилоъ дода, афзуданд, ин литсей қаблан номи Ленинро дошт.
Ба қавли пайвандони Рустам Амакиев, дар назар аст кӯчаи “Душанбе”-и ноҳияи Восеъ низ, ки марҳум онҷо зиндагӣ мекард, ба номи ӯ гузошта шавад.
Полковник Рустам Амакиев, фармондеҳи “Алфа” дар бархӯрд бо гуруҳи генерали фирорӣ -- Абдуҳалим Назарзода рӯзи 15 сентябр дар дараи Ромит кушта шуд. Ҷанозаи Амакиев дар деҳаи Навободи ноҳияи Восеъ ба хок супурда шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |