Бахшҳо

Убайдуллоев дар бораи “гумоштагони бетақдир ва қурбонии бозиҳои тарҳрезишудаи геополитикӣ”

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе имрӯз, 21 сентябр аснои ҷаласаи навбатӣ фаъолияти 45 гуруҳи таблиғотиро, ки бо қарори шаҳдорӣ созмон ёфтаву дар ҳудуди пойтахт бо сокинон мулоқот анҷом медиҳанд, мавриди таҳлил қарор додааст.

Дафтари матбуоти шаҳрдорӣ мегӯяд, Убайдуллоев роҳбарон ва ҳайатҳои гуруҳҳои таблиғотиро муваззаф кард, барои баланд бардоштани маърифат ва донишҳои ҳуқуқии сокинон ҷиҳати пешгирии таъсиррасонии фарҳанг ва тафаккури бегонаву иртиҷоӣ дар ҷомеа мулоқоту вохӯриҳоро мақсаднок ба роҳ монанд. Раиси шаҳри Душанбе таъкид кардааст, “яке аз сабабҳои гаравиши баъзе аз қишрҳои ҷомеа ба ин гуна ҳаракатҳои иртиҷоӣ ин надоштани сатҳи зарурии донишҳои дунявию адёнӣ, инчунин бетарафии ҷомеаву падару модарон мебошад, ки онҳо ба ваъдаҳои безаминаи мубаллиғони тамоюлҳои тундрав бовар намуда, гумоштагони бетақдир ва қурбонии бозиҳои тарҳрезишудаи геополитикию ноамниҳо мегарданд”.

Манбаъ мегӯяд, Маҳмадсаид Убайдуллоев дар робита ба масъалаи зикршуда аз аҳли ҷамоатчигии шаҳр ва дигар мақомоти марбута тақозо намудааст, “нисбати дилхоҳ ашхоси барангезандаи андешаи нифоқу рахнаовари ҳамзистии осоишта ва суботи бар асари ҷоннисориҳо бадастомадаи ҷомеа бетарафӣ зоҳир накарда, ҳамкорию тадбирҳои пешгирикунанда ва профилактиро пурзӯр созанд”.

Ба иттилои дафтари матбуотӣ, дар ҷаласа масоили омодагии шаҳр ба мавсими зимистонгузаронӣ, вусъати корҳои сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири роҳҳои асосию дохили шаҳраку маҳаллагузар, пурзӯр кардани чораҳо оид ба танбашавии нақлиёт ва манъи вуруди воситаҳои нақлиёти гаронвазн дар роҳҳои шаҳр баҳри пешгирӣ аз харобшавии роҳҳо, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҳолати нигаҳдошту ҳифзи дарахту чаманзорҳо, майдончаҳои варзишӣ ва ҳайкалу муҷассамаҳои меъмории зебдиҳандаи шаҳр ва ғановати ҳамарӯзаи бозори истеъмолӣ, бахусус дар арафаи Иди Қурбон низ мавриди таваҷчуҳи шаҳрдорӣ қарор гирифта, ба масъулин дар роҳи иҷрои босифати вазифаҳои хизматӣ дастурҳои мушаххас додааст: “Бо дахли масоили рушди меъморӣ ва татбиқи Нақшаи генералӣ, Маҳмадсаид Убайдуллоев дар иртибот ба баррасии ташаббусу муроҷиатҳои шахсони воқеию ҳуқуқӣ оид ба амалисозии лоиҳаҳои сохтмонӣ, дар ҷаласа муқаррар сохт, ки шуруъ аз 21 сентябри соли 2015 минбаъд аз ҷониби шаҳрдорӣ он дархостҳое қабул ва баррасӣ карда хоҳанд шуд, ки дар асоси тасҳеҳи Нақшаи генералӣ нақшаи тарҳрезии муфассали маҳал ё ворид намудани тағйирот ба он аз ҷониби Кумитаи сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муовофиқа расида бошад”.
Мӯҳр
бояд кушиш кард, ки тамоми ниходхои давлати, чорахои профилактикиро дар тамоми чанбахои хаёти сиёси ба рох монад, то ки мисли гурухи Хочи Халим хиёнату хиёнаткори пешгири карда шавад...

мухтарам М Убайдулоев сардорону нозирони бозори корвонро вазифадор намоед мактаббачагонро аз бозори корвон ба мактаб фиристанд Бозори корвон ба мактаб табдил шуда як бетартиби бефаросати беодоби бесаводи насли наврас зиед шудааст мо дар вактхои таътил интикод надорем мактаббачагон хамеша дар бозоранд ехтиромона хохиш мекунем точирони бозори корвон мухтарам М Убайдулоев пеши рохи инро гиред аз шумои мухтарам умед дорем бозордорон пул чамъкуниро медонанд озодагон хохишмандам чопаш бикун

сухроб,
ин бачахои дар бозор гашта ягон падару модару адрес доранд е не?

123
ОН БАЧАХОИ БЕЧОРА КУЧО БРАВАНД ДИГА?АЗ БОЗОР СУРШОН КУНАНД КУЧО РАВАНД БАРОЙ ЯК ЛУКМА НОН?БА СУРИЯ?БА КУЧО?ПАДАРОШОН ДАР МУХОЧИРАТ РОССИЯ БА'ЗАН МОДАРОШОНАМ РОССИЯДАН ИН ТИФЛАКОНИ БЕ ГУНОХ БА КУЧО РАВАНД ДАР БА ДАР?АГАР БА БОЗОР НАОЯНД БРАВАНД ХОНАЙ ТУВУ УБАЙДУЛЛОЕВА БЗАНАНД?ХАМИ МАРДУМРО БО ШАРОИТИ ХУБ ИМКОНИЯТИ ЗИНДАГИ ТА'МИН НАМОЕД АНА БА'Д АЗ БОЗОРХО СУРШОН КНЕН ФАХМИДЕН. МАН ФИКР МЕКНМ АГАР ИНХОРА УБАЙДУЛЛОЕВ АЗ БОЗОР СУР КУНАД АНА БА'Д ДУЗДО ДУЗДИ ДАР ШАХР САР МЕШАЕЕЕ.....БА'Д ОННАХАКМОНА БА АНА ХАМИ ЧАШМОЙ САРМОН МЕБИНЕМ...

кулябец
123,
Бародар солхои даврони Шурави дар таътили тобистон ягон мактаббача дар бозор ё куча бекор намегашт , хаммашон дар лагерхо буданд. Давлати Совети бехтарини бехтарин давлати инсондуст ва сагерапарвар дар таърих мемонад !!! Имруз хамин гуна шароит омадааст ,ки кудакон барои лукмаи ноне дар бозорхо талош мекунанд. Онхоро бояд дасгири кард,на ин ки танбех! Магар ба бозор набаромада дар хона аз торикиву гуруснаги муранд ?
Торики ба маънои он ки пули баркро насупори симашро мебуранд ва дар торики мемонед .

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)