Даргузашти Соҳибов-қудо ва хеши Эмомалӣ Раҳмон

Маҳмадулло Соҳибов аз хешовандони наздик ва қудои Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи шанбеи 19 сентябр бар асари бемории дил аз дунё даргузаштааст. Тибқи иттилои “Tojnews”, маросими видоъ бо Маҳмадулло Соҳибов дар шаҳри Қӯрғонтеппа бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон баргузор шудааст.
Маҳмадулло Соҳибов аз чеҳраҳои пурнуфузи Тоҷикистон буда, бародари ӯ -- Муҳаммадзоир Соҳибов, домоди калонии президент ва фарзандаш Шамсулло Соҳибов – домоди сеюми раисиҷумҳур мебошад.
Соҳибовҳо дар баробари тиҷорат инчунин соҳиби мақомҳои давлатӣ мебошанд. Аз ҷумла моҳи май Нарзулло Соҳибов, бародари марҳум Маҳмадулло директори Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуда буд. Зайнулло Соҳибов, писари марҳум бошад, дар моҳҳои охири соли 2013 раҳбари яке аз бузургтарин ширкатҳои саноатии кишвар “Сементи тоҷик” таъйин гардид. Муҳаммадзоир Соҳибов, ки ҳудуди се сол дар давоми солҳои 2008-2011 раиси Биржаи молу ашёи хом буд ва аз ин вазифа барканор шуд.
Шамсулло Соҳибов, ки домоди сеюми Президент аст, намоядаи тиҷоратии Тоҷикистон дар Британияи Кабир мебошад. Исми Шамсулло Соҳибов замоне расонаӣ шуд, ки Умаралӣ Қувватов, собиқ раҳбари “Гурӯҳи 24”-ро моҳи декабри соли 2012 боздошт карданд. Он замон Қувватов мегуфт, ки соҳибмулки аслии ширкатҳои “Фароз” ва “Тоҷирон” ӯ буд, аммо наздикони Президент, аз ҷумла Шамсулло Соҳибов ин ширкатҳоро аз ӯ рабуданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |