Пешниҳоди лорди Бритониё барои интиқоли муҳоҷирони Сурия ба Тоҷикистон ва...
Лорд Десаи, ҳафтаи гузашта зимни ҷаласаи палатаи болоии парлумони Бритониёи Кабир пешниҳод кардааст, фирориёни Сурия ва дигар кишварҳои Шарқи Наздик ба кишварҳои Осиёи Миёна интиқол дода шаванд.
Десаи зимни пешниҳодаш изҳор доштааст, ки Тоҷикистон, Туркманистон, Муғулистон ва дигар кишварҳои минтақа аҳолии кам доранд. Ӯ хостааст СММ дар ҳамкорӣ бо давлатҳои Осиёи Марказӣ муҳоҷирати фирориёнро ба кишварҳои минтақа ташкил кунанд. Ба фикри Десаи муҳоҷирон аз Сурия ва дигар кишварҳои Шарқи Наздик дар Осиёи Марказӣ хуш пазируфта хоҳанд шуд, зеро аз нигоҳи фарҳангӣ наздиканд ва пайрави як дин мебошанд.
Аммо ба гуфтаи коршиносон ин пешниҳод нишон медиҳад, ки лорди бритониёӣ аз вазъи воқеии кишварҳои Осиёи Марказӣ бехабар мебошад. Дар қатори мушкилоти татбиқи ин пешниҳод аз ҷумла низомҳои худкомаи минтақа, афзоиш фишор болои диндорон ва иқтисоди заифи кишварҳои минтақа ном бурда мешаванд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |