Ҳамоиши “Барои ивазшавии ҳокимият” дар Маскаву Санкт-Петербург
Наздики ҳафт ҳазор нафар дар ҳамоиши “Барои ивазшавии ҳокимият” дар Москав ширкат кардаанд.
Иштирокдорони ин ҳамоиш аз байн бурдани сензура ё назорати расонаҳо, озодии маҳбусони сиёсӣ, дастрасии мухолифон ба интихобот, қатъи ҷанг дар шарқи Украина ва мубориза бо фасодро тақозо кардаанд. Бо дархостҳои ҳамсон бист фаъоли Ҳизби озодии мардумӣ ба хиёбонҳои Санкт-Петербург баромаданд.
Ҷонибдорони сиёсатмадори мухолиф -- Алексей Навалний мехостанд дар ҳалқароҳи Булварӣ роҳпаймоӣ ва сипас дар хиёбони академик Сахаров ҳамоиш баргузор кунанд. Аммо шаҳрдории Москав ба далели баргузории Дави бузург ин дархостро рад намуд.
Эътирозгарон изҳор доштанд, ки ин ҳамоиш ба дар чаҳорумин солгарди баргузории анҷумани “Русияи воҳид” дар таърихи 24 сентябри соли 2011 сурат мегирад, ки дар он Владимир Путин эълони номзадии интихоботи раёсати ҷумҳуриро кард ва ба ақидаи мухолифон, усули ивазнашавандагии ҳокимиятро дар Русия ҷорӣ намуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |