Шукурҷон Зуҳуров: Ҳукумати Тоҷикистон дигар ҳукумати солҳои 90-ум нест...
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон мегӯяд, ҳукумати Тоҷикистон дигар ҳукумати солҳои 90-уми асри гузашта набуда, неруҳои низомӣ аз уҳдаи таъмини сулҳу субот дар кишвар мебароянд.
Раиси палатаи поёнии парлумон рӯзи душанбеи 21 сентябр дар расми баҳрабардорӣ аз шаҳраки навбунёд дар ноҳияи Шуғнони Бадахшон бо ишора ба ҳодисаҳои ахири Тоҷикистон гуфт, “мутаассифона ҳодисаҳои охир нишон медиҳанд, ки дар ҷомеаи мо гӯруҳҳое ҳастанд, ки барои онҳо мафҳумҳои ваҳдати миллӣ, якпорчагии кишвар ва дастовардҳои истиқлолият бегона мебошанд, аммо махсусан мехоҳам таъкид намоям, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар ҳукумати солҳои 90-уми асри гузашта нест ва нерӯҳои низомию ҳарбии кишвар қудрати безарар кардани чунин гӯруҳҳои ҷиноятиро доро буда, сулҳу суботро дар кишвар таъмин карда метавонанд”.
4 сентябр ба Шӯъбаи умури дохилӣ дар Ваҳдат ва Дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа дар Душанбе ҳамлаи мусаллаҳона сурат гирифт. Мақомот ин ҳамлаҳоро кори дасти гуруҳи Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба “Ҳоҷӣ Ҳалим”, муовини вазири мудофиа хонда, аз амалиёти махсус алайҳи он хабар доданд. Ин амалиёт баъди 12 рӯз, 16 сентябр поён ёфт ва ба иттилои ВКД “8 узви охирини гуруҳ дар Ромит безарар шуд”. 17 сентябр Додситонии кулли Тоҷикистон дар як изҳороти расмӣ гуфт, дар ҷараёни "амалиёти зиддитеррористӣ зиёда аз 600 адад силоҳи оташфишони гуногунтамға ва 11357 дона тирҳои гуногун ёфта, мусодира шуда, зимни муқовимати мусаллаҳона 25 нафар террорист нобуд карда шуда, 125 нафар узви гурӯҳи террористӣ ва ҳаммаслакони онҳо, аз ҷумла 28 нафар бо ҳамкории фаъолонаи аҳолии маҳаллӣ муайян ва дастгир карда шуданд. Мутаассифона, дар ин амалиёт 14 нафар хизматчиёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷони худро аз даст доданд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |