Раиси Маҷлиси намояндагон: Хонаҳои харобшуда қабл аз муҳлат сохта шуданд

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, 21 сентябр дар ноҳияи Шуғнони Бадахшон калиди 82 манзили истиқоматии навбунёдро ба хонаводаҳои аз офати табиӣ зарардида, тақдим кард.
Муҳаммадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси намояндагон ба “Озодагон” гуфт, бо иштироки Шукурҷон Зуҳуров дар ноҳияи Шуғнон як шаҳраки навбунёди иборат аз 82 манзил, бунгоҳи тиббӣ, ҳаммом, мағоза ва дигар инфрасохтори зарурӣ, ки давоми ду моҳ сохта шудаанд, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Шукурҷон Зуҳуров дар маросими ба истифода додани ин шаҳрак иброз доштааст, “онҳоеро ки имрӯз соҳиби хона гардидаанд, аз номи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон самимона табрик менамоям. Чанде қабл сафари кории Президенти кишвар ба вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон баргузор гардида буд. Зимни баргузории вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии вилоят дар боғи фарҳангӣ, ба муовини сарвазир дастур дода буд, ки то пурра барқарор сохтани 3,4 км қитъаи зарардидаи роҳи байналмилалии Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Кулма, воқеъ дар мавзеи “Барсем-Бердибекобод”-и ноҳияи Шуғнон ва пурра ба анҷом расонидани сохтмони хонаҳои аҳолии аз офати табиӣ зарардида дар паҳлуи мардум истода, ҷараёни корҳои сохтмониро рохбарӣ ва зери назорати доимӣ қарор диҳанд. Имрӯз бо ифтихор қайд кардан мумкин аст, ки ҳам сохтмони роҳ ва ҳам сохтмони хонаҳои истиқоматии шаҳрвандони аз офати табиӣ зарардида пеш аз муҳлат ва бо сифати хуб ба анҷом расонида шуда, манзилҳои истиқоматии онҳо бо ашёҳои зарурии рӯзғор, аз қабили яхдон, қолинҳо, мошини ҷомашӯӣ, телевизор, курпаю курпача ва дигар ашёҳои лозимӣ ҷиҳозонида шуданд”.
Шукурҷон Зуҳуров дар идома афзудааст, дар амалӣ гардидани чунин корҳои сохтмонӣ саҳми сохторҳои давлатии кишвар, аз ҷумла Вазорати нақлиёт, Агентии давлатии захираҳои моддӣ, Дирексияи сохтмонии Дастгоҳи иҷроияи президенти, мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Бадахшон ва ноҳияи Шӯғнон, ширкати “Помирэнерҷӣ”, Раёсати нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди вилоят “Бадахшонроҳ”, КВД “Хоҷагии манзилии коммуналӣ” ва иштироки фаъоли тамоми вазорату идораҳои кишвар назаррасанд.
Раиси Маҷлиси намояндагон таъкид намудааст, дар баробари кӯмакҳои ҳукумати Тоҷикистон, аз тамоми гӯшаву канори мамлакат ҷиҳати дастгирии моддиву маънавии аҳолии зарардида кӯмакҳои зарурӣ пайваста ворид мегардиданд: “Мову шумо нағз медонем, ки аслан хонаи бадахшониро, ки дар он чӯбкорӣ зиёд аст дар тӯли на камтар аз як сол месозанд, вале бо назардошти таъмини саривақтии масолеҳи сохтмонӣ масъулин аз худ корнамоӣ нишон дода, 82 манзили сохтмониро дар мӯҳлати ду моҳ сохта, қабл аз оғози сардиҳо ба истифода супориданд, ки шоёни таҳсин аст. Бо назардошти чунин воқеиятҳо бо боварии комил гуфтан мумкин аст, ки ваҳдати миллӣ рӯз ба рӯз дар саросари кишварамон пойдор мегардад ва амалкарди имрӯза таҷассумкунандаи таҳкими устувории ваҳдати миллӣ ва якпорчагии кишвари азизамон мебошад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |