Мақоми аввали донишҷӯи тоҷик дар Варшава
Як донишҷӯйи тоҷик дар Варшава – пойтахти Лаҳистон барандаи озмуни таҳияи бозиҳои компютерии “Microsoft” шудааст.
Барномаи таҳиякардаи Аминҷон Абдуллозода, донишҷӯйи соли дуюми Донишгоҳи Вистулаи Лаҳистон аз миёни 25 гуруҳи барномасозон беҳтарин шинохта шудааст. Барномаи бозиҳои компютерии Аминҷон, ки “Лазер” ном дорад, давоми 24 соат таҳия шудааст.
Аминҷон Абдуллозода дар саҳифаи Фейсбукаш навиштааст, “мехостам ба ташкилкунандагони ин чорабинӣ, ба ширкатҳои Microsoft, Xbox, MicrosoftGameStudio, Intel, ки барои гуруҳи мо ҷойи аввалро сазовор донистанд, миннатдории хешро баён созам”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |