Панҷ соли зиндони шаҳрванди Тоҷикистон барои “маблағгузорӣ”-и Толибон
Як шаҳрванди Тоҷикистони муқими Ёқутистони Русия дар маблағгузории фаъолияти созмони террористии “Ҳаракати Толибон” муҷрим шинохта шуда, панҷ сол равонаи зиндон шудааст.
Расонаҳои русӣ бо такя ба иттилои Раёсати хадамоти федеролии амнияти Ёқутистон менависанд, тафтишот муайян кардааст, Ҳасанов А.М,
табааи Тоҷикистон тавассути почтаи электронӣ бо як маъмури “Ҳаракати Толибон”, ки дар ҷангҳои зидди нерӯҳои ҳукумати Покистон иштирок кардааст, мукотиба намудааст: “Дар мактубҳои худ он нафар на танҳо кумаки молӣ барои “ҷиҳод” алайҳи "кофирон" дар Афғонистону Покистонро талаб кардааст, балки мусоидат дар созмон додани сохтори террористон дар Ёқутистонро хостааст”.
Манбаъ мегӯяд, муайян шудааст, Ҳасанов чанд маротиба тавассути ҳисобҳои тақаллубии бонкии террористон ба Покистон маблағ фиристодааст.
“Ҳаракати Толибон” созмони теророристӣ шинохта шуда, фаъолияти он дар қаламрави кишварҳои пасошӯравӣ, бо шумули Тоҷикистон ва Русия манъ аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |