Бахшҳо
20 окт 2011 05:12Гузориш

Ашёи хоме, ки гӯйё Тоҷикистон ба он ниёз надорад

Баъди барҳам хӯрдани империяи Шӯравӣ аксари корхонаҳои саноатӣ дар Тоҷикистон ба якборагӣ аз фаъолият бозмонданд. Дар ҳамин маврид ашёи хоме, ки дар корхонаҳои саноатӣ коркард мешуд, бо иллати наёфтани харидор барбод мерафт ва ҳоло низ ин раванд идома дорад.

Сабаби асосии ба нестӣ рафтани маҳсулот ва дар ин бастагӣ як навъи ашёи хом- пашм дар он аст, ки замони шӯравӣ ҳамин ашё на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои 15 давлати собиқ СССР бароварда мешуд. Аммо имрӯз чорвопарвари тоҷик дар илоҷи ба савдо задани маҳсулоташ дасткӯтоҳ аст.

Курпачаҳои тоҷикӣ харидор наёфт

Барбод рафтани маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ба хусус дар навоҳии кӯҳистон зиёд ба назар мерасад. Роҳбарону масъулини ноҳияҳо дар мавриди ба фурӯш баровардан ва ё коркарди маҳсулоти худӣ тақрибан коре карда наметавонанд. Навоҳии кӯҳистон, ки аксаран ба парвариши чорво сару кор доранд, пашму пусти ҳайвонҳоро намедонанд ба куҷо интиқол диҳанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳамин маҳсулот дар бозори ҷаҳонӣ харидори зиёд дорад. Аммо дар Тоҷикистон наметавонанд аз ин маҳсулот истифода баранд. Ҳол он ки аз пашму пусти ҳайвон метавон маҳсулоти зиёде истеҳсол кард ва даромади хуб ҳам ба даст овард. Дар ҳамин ҳол, аввали имсол муттахассисон ва роҳбарони ноҳияи Муъминобод бо сардории раиси ноҳия Сафаралӣ Зокиров талош намуданд, то коркарди пашми чорворо ба роҳ монда, кам ҳам бошад ин ашёро аз нобудшавӣ эмин бидоранд. Дар ноҳия Ассосиатсияе бо номи «Зам-Зам» ба барориши курпачаҳои пашмин ба фаолият оғоз кард.  Дар аввал корхона наздики 100 зани маҳаллиро ба кор ҷалб намуда,  тули як муддати кӯтоҳ беш аз 250 кӯрпачаҳои пашмин истеҳсол намуд. Харидорони нахустини ин навъи маҳсулот низ пайдо гаштанд. Ташаббусро нахустин шуда ҳукумати маҳаллӣ гирифт ва дар баробари ин ташкилоту корхонаҳои ноҳия низ аз он ба қадри зарурӣ харидорӣ карданд. Сафаралӣ Зокиров, раиси ноҳия мегӯяд, ҳарчанд ин ташаббус, яъне истеҳсоли кӯрпачаҳо аз пашм барои манфиати аҳолии ноҳия роҳандозӣ гаштааст, аммо дар ояндаи наздик агар ин фаъолият дастгирӣ ёбад, он метавонад ба манфиати кишвар ҳам хизмат намояд. Яъне, пашми истеҳсолмешуда дигар ба нестӣ нарафта, балки аз он маҳсулоти зарурӣ ва на танҳо курпача, ки дигар маҳсулот ҳам ба монанди ҷӯробу дастпӯшаки гарм, жемперу палтоҳо ва дигар либоси зимистона истеҳсол кард.

Некбинон бар он назар буданд, ки ташаббуси муъминободиҳо лоиқи дастгирист ва ҳамин гуна корхонаву сехҳои хурди истеҳсоли маҳсулоти пашминро метавон дар дигар навоҳӣ ҳам ба роҳ монд. Дар ин маврид ҳам ҷойҳои корӣ зиёд мешуду  ҳам ашёи хоми худӣ беҳуда нест нагашта,  мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирифт. Мутаасифона ин ташаббус на танҳо дастгирӣ наёфт, балки бо иллати сарфаҳм нарафтани кор, сехи тозаэҷод дар Муъминобод ҳам аз фаъолият монд.

Садҳо тона ашёи хом ба боди фано рафт

Абдулҳафиз Қурбонов, роҳбари як хоҷагии чорвопарварӣ мегӯяд, «баъди соҳибистиклолӣ дар хоҷагии мо садҳо тона пашми аълосифати маҳиннах бо ҷурми набудани харидор ҳамагӣ пӯсидаву барбод рафт. Ҳарчанд кушиши дарёфти харидор кардем, аммо бенатиҷа. Имсол хушхабар расид, ки дар маркази ноҳия бо ибтикори як соҳибкори маҳаллӣ корхонаи нав бунёд ёфта, он барои истеҳсоли маҳсулот аз пашм шурӯъ хоҳад кард. Гумон доштем, акнун мушкили асосиамон ҳали худро меёбад, вале ин сехи хурд ҳам натавонист аз ӯҳдаи коркарди маҳсулоти пашмин барояд». Қурбонов гуфт барои ба кор даровардани ҳамин корхона наздики 200 кило пашмро бепул додаанд. Ҳарчанд корхонаи хӯрд дар як муддат зиёда аз 250 кӯрпачаҳои пашмин истеҳсол карда бошад ҳам, аммо талабот ба ин навъи маҳсулот пайдо  нашуд.

Бояд гуфт, пашми маҳиннах, ҳарчанд дар бозори ҷаҳонӣ қиммати баланд дошта бошад ҳам, вале дар Тоҷикистон он тақрибан беқурб гаштааст. 1 кило аз ҳамин пашмро ҳамагӣ ба қиммати 2-3 сомонӣ мефурӯшанд. Қурбонов мегӯяд, чорвопарварон дигар чора надоранд, зеро харидор нест. Мутаасифона, дар ҳоли ҳозир тоҷирони тоҷик ба ин намуди тиҷорат даст назадаанд ва ба гумон аст, ки дар солҳои наздик аз он кор бигиранд. Ин маънои онро дорад, ки боз муддати номаълуме пашми гаронарзиш пӯсидаву вайрон мешаваду чорвопарвари тоҷик аз он фоидае ба даст оварда наметавонад.

Ин дар ҳолест, ки дар ноҳияи Данғара ҳанӯз чанд сол муқаддам корхонаи коркарди пусту пашм бунёд гаштаву гӯё барои коркарди  ашёи хоми маҳаллӣ пешбинӣ гашта буд, вале то ҳанӯз фаъолият намекунад.

Аслиддин Достиев{jathumbnail off}

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)