Ҳамсари Ҳайит: Китобҳои форсӣ, паспорти хориҷӣ, телефону компютерашро бурданд
Наздикони Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини боздоштшудаи раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯянд, чун бо гузашти се рӯз раҳо нашуд, маҷбур шуданд, вакили дифоъ бигиранд.
Савринисо Ҷӯрабекова, ҳамсари Маҳмадалӣ Ҳайит имрӯз, 19 сентябр дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, интизор доштанд, баъди суолу ҷавоб бо мақомот ӯро раҳо мекунанд, аммо чун ин иттифоқ сурат нагирифт, барои ҳимояти ҳуқуқҳои шаҳвараш ба вакил Ҷамшед Ёров муроҷиат кардаанд.
Хонум Савринисо мегӯяд, тақрибан соатҳои 18:50-и рӯзи 16 сентябр ду корманди амният ба манзилашон омада, шавҳарашро бо худ бурданд: “Ду нафар ки омаданд муносибаташон хуб буд. Гуфтанд, устод биёед як бор назди калон меравем, камтар саволу ҷавоб мекунанд, меоед. Дар беруни хона 4 нафари дигар меистод”.
Ӯ меафзояд, баъди он ки ҳамсараш бо онҳо рафт, 6 каси дигар омада, худро кормандони амнияту Прокуратураи генералӣ муаррифӣ намуданд ва гуфтанд бояд хонаро тафтиш кунанд: “Ҳуҷҷате барои кофукоби хона надоштанд. Иҷозат надода, гуфтам, ки шавҳарам биёяд баъд омада тафтиш кунед. Онҳо гуфтанд, ки ягон чизи махфӣ доред, ки моро намегузоред даромадан? Маҷбур шудам иҷозат додам, ду шоҳид аз ҳамсояҳо, се нафар кӯдаконам ва худам истодем”.
Савринисо Ҷӯрабекова мегӯяд, тамоми ҳуҷҷату дастгоҳҳои техникии Маҳмадалӣ Ҳайитро бо худ бурданд: “Ягон чиз пайдо накарданд, китобҳои форсӣ, паспорти хориҷиаш, телефон, ҳуҷҷати ҳарбӣ, компютер ва планшеташро бурданд. Баъди баста шудани ҳизб ҳуҷҷатҳои ҳизбро хона оварда буд, ҳуҷҷатҳоро низ бурданд”.
Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 17 сентябр бо нашри як изҳороти расмӣ Маҳмадалӣ Ҳайит ва 12 фаъоли дигари ҲНИТ-ро, ки дар боздошт ба сар мебаранд, дар ҳамдастӣ бо гуруҳи Абдуҳалим Назарзода муттаҳам карданд: “Дар асоси далелҳои дар рафти тафтишот дастрасшуда, бо мақсади пешгирӣ кардани амалҳои нави террористӣ, ҷалб кардани шаҳрвандон ба содир кардани ҷиноятҳои хусусияти экстремистидошта, созмон додани дастаҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, инчунин халалдор намудани оромӣ ва амнияти мардуми Тоҷикистон шахсони зерин, ки аъзои фаъоли ҲНИТ буда, дар амалҳои ҷинояткоронаи гурӯҳи мусаллаҳи Назарзода А.М. гумонбар дониста шудаанд, баъди пурра нобуд гардидани ин гурӯҳи террористӣ кӯшиши пинҳоншавӣ ва фирор аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистонро доштанд, боздошт гардиданд:
1. Ҳисайнов Умаралӣ Фатоҳович, соли таваллудаш 1961, зодаи ноҳияи Мӯъминобод, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Крупская, хонаи 114;
2. Ҷобир Раҳматуллои Раҷаб соли таваллудаш 1958, зодаи деҳаи Таҳназарии ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи Файзобод, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кучаи Ф. Аттор, хонаи №5 0;
3. Давлятов Абдуқаҳор Абдукаримович, соли таваллудаш 1975, зодаи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Ушаков, х.110, ҳуҷраи 8;
4. Каримов Саттор Самадович, соли таваллудаш 1959, зодаи шаҳри Кӯлоб, истиқоматкунандаи ноҳияи Ҳисор, ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо, деҳаи Деҳи Нав;
5. Розиқов Зубайдуллоҳ, соли таваллудаш 1946, зодаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ, хонаи 337, ҳуҷраи 15;
6. Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, соли таваллудаш 1959, зодаи ноҳияи Панҷ, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, маҳаллаи Хоҷанбиёи Поён, хонаи 125;
7. Ҳикматулло Сайфуллозода, соли таваллудаш 1950, зодаи ноҳияи Панҷ, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Fафуров, бинои 10/1, хонаи 10;
8. Ҳаитов Махмадалӣ Раҳмонович соли таваллудаш 1957, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Алишер Навоӣ, хонаи 17/4, ҳуҷраи 6;
9. Авазов Қиёмиддин Қурумҷонович, соли таваллудаш 1959, зодаи ноҳияи Вахш, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Б. Fафуров, бинои 10/1 хонаи 10;
10. Хуҷаева Зарафо Раҳмоновна, соли таваллудаш 1973, зодаи ноҳияи Қумсангир, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Раҳмон Набиев, бинои 132, хонаи 40;
11. Набиев Маҳмадшариф Маҳмадалиевич, соли таваллудаш 1962, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб, кӯчаи Фрунзе, хонаи 84;
12. Fайратов Абдусамад Исмоилович, соли таваллудаш 1962, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб, маҳаллаи Тамошотеппа;
13. Қосидинов Воҳидхон соли таваллудаш 1956, зодаи ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Пулодӣ, бинои 19, хонаи 10”.
Дар изҳороти Додситонии кулл раҳбари ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ низ ҳамдасти “Ҳоҷӣ Ҳалим” гуфта мешуд: “Муайян карда шудааст, ки Назарзода А.М. тайи солҳои охир бо мақсади амалӣ намудани кирдорҳои ҷиноятии худ бо дастур ва роҳбарии бевоситаи раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Кабирӣ Муҳиддин беш аз 20 гурӯҳи хурди ҷиноятӣ ташкил намуда, онҳоро бевосита роҳбарӣ менамуд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |