Бонкӣ миллӣ: Қурби рублу евро баланд шудааст
Бонки миллии Тоҷикистон аз болоравии қурби рубли русиву евро ва муътадил мондани доллар дар як ҳафтаи ахир хабар медиҳад.
Дафтари матбуоти ин ниҳоди молиявӣ мегӯяд, давоми чор-панҷ рӯзи ахир қурби доллар дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ тағйир наёфта, дар ҳудуди 6,85-6,88 сомонӣ қарор дорад. Аммо ба ба иттилои манбаъ, дар ин миён қурби амалиётҳо бо рубли русӣ ва евро каме баланд гардида, 1000 рубли русӣ баробар ба 103-105 сомонӣ ва 100 евро баробар ба 760 сомонӣ нишон дода шудааст.
Бонки миллӣ омили асосии муътадил мондани қурби сомониро бо асъори хориҷа, тағйир наёфтани фоизи байнибонкии Бонки марказии Амрико ва болоравии нархи нафти брент, тилло ва асъори рубл унвон кардааст: “Бозорҳои ҷахонӣ ҳафтаи ҷориро нисбатан муътадил ҷамъбаст карда истодаанд. Дар натиҷа рубли руси +3.2%, нафти навъи брент +3.0%, тилло +2.9% пурқувват шуданд, ки ин низ то андозае барои дар сатҳи муътадил мондани қурби сомонӣ нисбати асъорҳои хориҷӣ мусоидат кард”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |