Тақозои созмонҳои ҳуқуқи инсон барои раҳо кардани фаъолони ҲНИТ

Созмони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch), Кумитаи Ҳелсинкии Норвеж (Norwegian Helsinki Committee) ва Анҷумани ҳуқуқи инсон дар Осиёи Миёна (Association for Human Rights in Central Asia) хостори бидуни таъхир раҳо кардани фаъолони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон шудаанд.
Додситонии кулли Тоҷикистон панҷшанбеи 17 сентябр бо пахши як изҳороти расмӣ раҳбарияти ҲНИТ-ро дар ҳамдастӣ бо гуруҳи Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири мудофиа муттаҳам карда, аз боздошти 13 аъзои Раёсати олии ҳизб -- Саидумар Ҳусайнӣ, Абдуқаҳҳори Давлат, Раҳматуллоҳи Раҷаб, Зубайдуллоҳи Розиқ, Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, Муҳаммадалии Ҳайит, Қиёмиддин Авазов, Зарафо Раҳмонӣ, Маҳмадшариф Набиев, Абдусамад Fайратов ва Воҳидхон Қосидинов хабар дод.
Дар изҳороти муштараки Human Rights Watch, Norwegian Helsinki Committee ва Association for Human Rights in Central Asia аз ҳукумати Тоҷикистон тақозо мешавад, агар далелҳои муътамаде барои даст доштани афроди боздоштшуда дар нақзи қавонин дорад, эълон намояд.
Ин се ниҳод боздошти фаъолони ҲНИТ-ро намунаи барҷастаи ҳамла ба мухолифон унвон кардаанд.
Панҷ рӯз қабл, 14 сентябр низ ин се созмон дар робита ба ҲНИТ изҳороте нашр карда буданд. Он вақт Созмони ҳуқуқи башар, Кумитаи Ҳелсинкии Норвеж ва Анҷумани ҳуқуқи инсон дар Осиёи Миёна аз ҳукумати Тоҷикистон хостанд, барои фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон монеа эҷод накунад. Дар изҳорот гуфта мешуд, “ҳукумати Тоҷикистон ҳамчунин озору азияти аъзои ин ҳизбро мутавақиф карда аз амалкарди худ алайҳи ҲНИТ даст бикашад ва иҷоза диҳанд, то ҳизбҳои мустақил дар Тоҷикистон фаолият дошта бошанд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |