Бордюжа: Ҳамлаҳои мусаллаҳона дар Тоҷикистон сабаби бесуботӣ нашуд

Ҳамлаҳои мусаллаҳона, ки ҷонибдорони генерал-майор Абдуҳалим Назарзода, собиқ муовини вазири мудофиа созмон доданд, талоши табадулоти давлатӣ набуда, сабаби бесуботӣ ҳам нашуд. Ин нуктаро Николай Бордюжа, дабири кулли Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) иброз доштааст.
Ӯ дар як мусоҳиба бо шабакаи телевизионии “Россия 24” гуфтааст, “фикр намекунам, ки мо метавонем ин амалҳоро ҳамчун талоши табадулоти давлатӣ ё бесуботии вазъ дар Тоҷикистон арзёбӣ намоем... Фикр намекунем, ин як зуҳуроти хеле ҷиддӣ бошад, ки ҳаводиси манфиро дар пай дошта бошад. Онҷо вазъ ба ҳадди зарурӣ муътадил аст”.
4 сентябр ба Шӯъбаи умури дохилӣ дар Ваҳдат ва Дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа дар Душанбе ҳамлаи мусаллаҳона сурат гирифт. Мақомот онро кори дасти Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба "Ҳоҷӣ Ҳалим", муовини вазири мудофиа хонданд. Амалиёти зидди гуруҳи "Ҳоҷӣ Ҳалим", ки ба гуфтаи мақомот ба дараи Ромит фирор карданд, 12 рӯз идома кард. 17 сентябр Додситонии кулли Тоҷикистон дар як изҳороти расмӣ гуфт, дар ҷараёни "амалиёти зиддитеррористӣ зиёда аз 600 адад силоҳи оташфишони гуногунтамға ва 11357 дона тирҳои гуногун ёфта, мусодира шуда, зимни муқовимати мусаллаҳона 25 нафар террорист нобуд карда шуда, 125 нафар узви гурӯҳи террористӣ ва ҳаммаслакони онҳо, аз ҷумла 28 нафар бо ҳамкории фаъолонаи аҳолии маҳаллӣ муайян ва дастгир карда шуданд. Мутаассифона, дар ин амалиёт 14 нафар хизматчиёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷони худро аз даст доданд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |